Гулистон (Саъдӣ)/Дар одоби суҳбат/38

Ҳар кӣ бо бадон нишинад, некӣ набинад.


* * *


Гар нишинад фариштае бо дев,

Ваҳшат омӯзаду хиёнату рев.

Аз бадон некуӣ наёмӯзӣ,

Накунад гург пӯстиндузӣ.