Гулистон (Саъдӣ)/Дар одоби суҳбат/45

Ҳар кӣ бо бузургон ситезад, хуни худ резад.


* * *


Хештанро бузург пиндорӣ,

Рост гуфтаанд: як ду бинад луч[1].

Зуд бинӣ шикастапешонӣ,

Ту, ки бозӣ кунӣ ба сар бо ғуч[2].



  1. Аҳвал, касе, ки якеро ду мебинад.
  2. Ғуч -куч, кучқор.