Модари тоҷик

МОДАРИ ТОҶИК



Модари хушбахти тоҷик

Баҳри миллат Пешво зод.

Бо дуои модараш гашт

Пешво фарди Худодод.


Кас ба ин сон модар оре,

Месазад, хушҳол бошад.

Соҳиби тахти забарҷад,

Соҳиби иқбол бошад.


Рӯдакиро ҳам ба гетӣ

Модари тоҷик додаст.

Модари тоҷик Сино,

Лоиқу Бозор зодаст.


Модари ман ҳам маро зод

Бо ҳазор уммеду армон.

То ки бошам фахри миллат,

Болад аз ман Тоҷикистон.


Шукри Ҳақ, дилсӯз модар,

Дар ҳақиқат беназирӣ.

То ҷаҳон боқист, боқӣ,

Орзу дорам намирӣ.