Афсӯс, сад афсӯс, ки моҳи рамазон рафт,
Нахли тараб аз панҷаи айёми хазон рафт
Ҷону дили ман бастаи занҷири вафо буд,
Ҷону дили ман аз ману аз мулки ҷаҳон рафт.
Аз хони сахояш бари ман файзу сахо буд,
Дар як нафасе файзу футуҳи сари хон рафт.
Аз савмаи дил бурун рафт ба як бор,
Аз гӯши малак савти хуши бонги азон рафт.
Не аз Шаби Қадр монд нишон, не зи таровеҳ,
З-ин ид наболам, ки зи ман гавҳари кон рафт.
Чун боди саҳар буд пур аз накҳати ҷонбахш,
Эй вой, ки ин накҳати ҷонбахши аён рафт.
Не ҳур кунад ҷилваю не Кавсару Тубӣ,
Садбарги умедам зи дили боғи ҷинон рафт.
Овард сафоҳою бибурд бори маъосӣ,
Чун сарви сиҳӣ омаду бо қадди камон рафт.
Андешаи маргам набуду лек дили реш,
Дар рафтани ин моҳ ба худ марсияхон рафт.
Аз ғуссаи дил гуфт, Зарифӣ, ба сад афғон:
Афсӯс, сад афсӯс, ки моҳи рамазон рафт.