Насими субҳ

Насими субҳ


Зи рӯйи баҳру сари кӯҳсор меоям,

Валек менашиносам, ки аз куҷо хезам.

Диҳам ба ғамзада тоир[1] паёми фасли баҳор,

Таҳи нишемани ӯ сими ёсуман резам.

Ба сабза ғалтаму бар шохи лола мепечам,

Ки рангу бӯ зи масомоти ӯ барангезам.

Хамида то нашавад шохи ӯ зи гардиши ман,

Ба барги лолаву гул-нармак овезам,

Чу шоире зи ғами ишқ дар хурӯш ояд,

Нафас-нафас ба навоҳои ӯ даромезам!


Муҳаммад Иқболи Лоҳурӣ

  1. Тоир - паранда