Мо ҷавонон, қалби бедори Ватан,
Саф ба саф ҳар рӯз дар кори Ватан.
Мо иваз кардан намехоҳем ҳеч
Бо гули мулки дигар хори Ватан.
Ин Ватан моро пари парвоз дод,
Сад дареро баҳри дониш боз дод.
Мо ҷавонони адолатхоҳро
Сӯи фардои наку овоз дод.
Ваҳдат ин ҷо, Сулҳ ин ҷо пойдор,
Дилкаш аст ин кишвари доимбаҳор.
Оре, оре, по ниҳед, ин ҷо ба шавқ
Дӯстон ҳам дӯстонро интизор.
Мо ҷавон, ин меҳани мо ҳам ҷавон,
Меҳани зеби тамошо ҳам ҷавон.
Гаштаанд ин ҷо ба лаб сад шукри Бахт,
Бо ҷавонон ҷумла пирон ҳам ҷавон.