Суруди Миллӣ
Муаллиф: Гулназар Келдӣ
Оҳангсоз: Сулаймон Юдаков
Матн:
- Диёри арҷманди мо,
- Ба бахти мо сари азизи ту баланд бод,
- Саодати ту, давлати ту бегазанд бод,
- Зи дурии замонаҳо расидаем,
- Ба зери парчами ту саф кашидаем, кашидаем.
- Зинда бош, эй Ватан,
- Тоҷикистони озоди ман!
- Барои ному нанги мо
- Ту аз умеди рафтагони мо нишонаӣ,
- Ту баҳри ворисон ҷаҳони ҷовидонаӣ,
- Хазон намерасад ба навбаҳори ту,
- Ки мазраи Вафо бувад канори ту, канори ту.
- Зинда бош, эй Ватан,
- Тоҷикистони озоди ман!
- Ту модари ягонаӣ,
- Бақои ту бувад бақои хонадони мо,
- Мароми ту бувад мароми ҷисму ҷони мо,
- Зи ту саодати абад насиби мост,
- Ту ҳастиву ҳама ҷаҳон ҳабиби мост, ҳабиби мост.
- Зинда бош эй Ватан,
- Тоҷикистони озоди ман!
Multilingual version: Surudi Milli