Тоҷикистон (М. Ғоиб)

Тоҷикистон


Сози хомӯшам, навобахшам туӣ,
Бе ту беморам, давобахшам туӣ.
Баста бе ту мешавад роҳи нафас,
Бе ту мемирам, ҳавобахшам туӣ.
Бо ту ҳастам зинда дар зери сипеҳр,
Ҷойи меҳратро нагирад ҳеҷ меҳр.
Зодгоҳи мардуми доно туӣ,
Ҷовидон машҳур бо Сино туӣ.
Сарбаландам аз баландиҳои ту,
Дар ҷаҳон Боми Ҷаҳон туӣ.
Бо ту ҳастам зинда дар зери сипеҳр,
Ҷойи меҳратро нагирад ҳеҷ меҳр.
Баҳри ту бошад ҳама ҷонбозиям,
Нурҷӯйиҳову Роғунсозиям.
Хоку обат як нишон аст аз биҳишт,
Бо ту ман аз қисмати худ розиям.
Бо ту ҳастам зинда дар зери сипеҳр,
Ҷойи меҳратро нагирад ҳеҷ меҳр.


Муҳаммад Ғоиб