Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳуқуқи муаллиф ва ҳуқуқҳои вобаста ба он»
(Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 1998, №23-24, мод. 348; с. 2003, №8, мод. 450; с. 2006, №3, мод. 153; с. 2009, №12, мод. 825; с. 2014, №12, мод. 826)
(Қонуни ҶТ аз 1.08.2003 № 27, аз 3.03.2006 № 162, аз 3.12.2009 № 573, аз 31.12.2014 № 1172, аз 2.01.2018 № 1488)
БОБИ I. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ
editМоддаи 1. Мавзўи танзим
Ин Қонун муносибатҳои ҳангоми офаридан ва истифодаи асарҳои илм, адабиёт ва санъат (ҳуқуқи муаллиф), фонограмма, иҷро, намоиш ва барномаҳои ташкилоти пахши эфири ва кабели (ҳуқуқҳои вобаста ба он) баамалояндаро танзим менамояд.
Моддаи 2. Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ҳуқуқи муаллиф ва ҳуқуқҳои вобаста ба он
Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ҳуқуқи муаллиф ва ҳуқуқҳои вобаста ба он ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, аз Қонуни мазкур, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст, иборат мебошад (Қонуни ҶТ аз 2.01.2018 № 1488).
Моддаи 3. Мафҳумҳои асосие, ки дар ҳамин Қонун истифода мешаванд
Дар ҳамин Қонун мафҳумҳои зерин истифода мешаванд:
1) муаллиф – шахси воқеие, ки асар дар натиҷаи меҳнати эҷодии ў офарида шудааст;
2) асари аудиовизуали – асаре, ки аз миқдори муайяни бо ҳам алоқаманди кадрҳо (боовоз ё беовоз) иборат буда, барои дарки бинои ва шунавои (дар сурати боовоз будани он) тавассути дастгоҳҳои техникии дахлдор таъин шудааст; асарҳои аудиовизуали аз асарҳои кинематографи (синамои) ва ҳамаи асарҳои дигаре, ки бо васоили ба он монанд офарида шудаанд, иборат мебошад: филмҳои телевизиони ва видеои, диафилмҳо, филмҳои слайди ва љ., сарфи назар аз тарзу усули нигориши аввалин ё минбаъдаи онҳо;
3) манбаи маълумот – маҷмўи маълумот дар шакли хониши мошиннавис ё шакли дигар, ки аз рўи интихоб ва ҷобаҷогузории мавод натиҷаи эҷодиёти зеҳни ба ҳисоб меравад; мафҳуми манбаи маълумот ба барномаҳо барои мошини электронии ҳисоббарор (минбаъд-МЭҲ), ки бо ёрии он дастрасии электрони ба маводи манбаи маълумот амали мегардад, дахл надорад (Қонуни ҶТ аз 1.08.2003 № 27);
4) таҷдиди асар – таҳияи як ё якчанд нусхаи асар ё қисме аз он дар ҳама гуна шакли модди, аз ҷумла, дар шакли сабти овози ва видеои: сабти асар барои нигаҳдории доими ё муваққати, ҳамчунин ба хотираи дохили ё берунии МЭҲ дохил кардани он низ таҷдид ба ҳисоб меравад (Қонуни ҶТ аз 1.08.2003 № 27);
5) фонограмма – ҳар гуна сабти сирф овозии иҷроишҳо ё дигар садоҳо ё инъикоси онҳо, ба љайр аз сабти овоз, ки ба асари аудиовизуали дохил карда шудааст (Қонуни ҶТ аз 3.03.2006 № 162);
6) таҷдиди фонограмма – таҳияи як ё якчанд нусхаи фонограмма ё қисме аз он дар ҳар гуна шакли модди,ҳамчунин нигаҳдории доими ё муваққати дар хотираи МЭҲ ва дигар дастгоҳҳои компютери (Қонуни ҶТ аз 3.03.2006 № 162);
7) сабт-нигориши овозҳо ва (ё) тасвирҳо ё инъикоси онҳо тавассути воситаҳои техники дар ягон шакли модди, ки имконияти бисёркаратаи амали сохтани дарк, таҷдид ё дастрас кардани онҳоро фароҳам меорад (Қонуни ҶТ аз 3.03.2006 № 162, аз 2.01.2018 № 1488);
8) таҳиягари асари аудиовизуали – шахси воқеи ё ҳуқуқие, ки ташаббус ва масъулияти таҳияи асарро ба ўҳда гирифтааст; дар сурати мавҷуд набудани далели дигар шахсе, ки ном ё унвони ў дар асари мазкур ба таври одди сабт ёфтааст, таҳиягари асари аудиовизуали ба ҳисоб меравад;
9) истеҳсолкунандаи фонограмма-шахси воқеи ё ҳуқуқие, ки ташаббус ва масъулияти аввалини сабти овозии ягон иҷро ё дигар овозҳо, ё ин ки инъикоси овозҳоро ба ўҳда гирифтааст; дар сурати мавҷуд набудани далели дигар шахсе, ки ном ё унвони ў дар ин фонограмма ва ё дар љилофи (ҷилди) он ба таври маъмули сабт ёфтааст, таҳиягари фонограмма ба ҳисоб меравад (Қонуни ҶТ аз 3.03.2006 № 162);
10) ҳуқуқи комил – ҳуқуқи ба муаллиф (муаллифон) тааллуқдошта, ки асар тавассути меҳнати эҷодии ў (онҳо) офарида шудааст ва ҳеҷ як шахси дигар бидуни иҷозатномаи дахлдор, љайр аз ҳолатҳои муқаррарнамудаи Қонун, наметавонад аз он истифода кунад;
11) иҷро – тавассути бози, суруд, рақс дар шакли иҷрои ҳақиқи ё бо ёрии ягон василаи техники (барномаҳои телевизион ва радио, телевизиони кабели ва љ.) пешкаш кардани асар, фонограмма, иҷро, намоиш; нишон додани кадрҳои асари аудиовизуали аз рўи тартиби онҳо (боовоз ё беовоз);
12) иҷрогар – актёр, овозхон, мусиқинавоз, раққос (раққоса) ё шахси дигаре, ки нақш иҷро мекунад, суруд ё матн мехонад, суханрони мекунад, асбоби мусиқи менавозад ё бо ягон тарзи дигар асари адабиёт ва санъат (аз ҷумла барномаҳои эстради, сирк ё лўхтаки) ва ё ифодаи фолклорро иҷро мекунад, ҳамчунин, коргардони басаҳнагузорандаи намоишнома ва дирижёр (Қонуни ҶТ аз 3.03.2006 № 162);
13) соҳиби ҳуқуқи муаллиф ва ҳуқуқҳои вобаста ба он:
– муаллиф ё иҷрогаре, ки ба ў ҳуқуқи муаллиф ё ҳуқуқҳои вобаста ба он дода шудаанд;
– шахси воқеи, љайр аз муаллиф ё иҷрогар, ё шахси ҳуқуқи дар мавриде, ки чунин шахси воқеи ё ҳуқуқи қаблан ҳуқуқи молумулкиро соҳиб шуда бошад (Қонуни ҶТ аз 2.01.2018 № 1488);
– шахси воқеи ё ҳуқуқие, ки ҳуқуқи молумулкӣ ба он аз рўи мерос ё ворисият дода шуда ё гузашта бошад (Қонуни ҶТ аз 2.01.2018 № 1488);
14) интишор – нашр ё ба муомилот баровардани асарҳо ё фонограммаҳо бо ризоияти муаллиф ё дигар дорандаи ҳуқуқи муаллиф ва вобаста ба миқдоре, ки барои қонеъ гардонидани талаботи омма кофист; зери мафҳуми интишор ҳамчунин иҷозати қонунии истифодаи асар ё фонограмма ба воситаи системаҳои электронии иттилоот фаҳмида мешавад;
15) ба эфир додан – ба омма дастрас кардани асар, фонограмма, иҷро, намоиш, барномаҳои ташкилоти пахши эфири ё кабели тавассути барномаҳои радио ва телевизион (љайр аз телевизиони кабели). Ҳангоми ба воситаи радифи маснуъ (спутник) ба маълумоти умум гузоштани асар, фонограмма, иҷро, намоиш, барномаи ташкилоти пахши эфири ё кабели зери мафҳуми “ба эфир додан” қабули сигналҳо аз дастгоҳҳои замини ба радиф ва таҳвили сигналҳо аз радиф, ки тавассути онҳо асар, фонограмма, иҷро, намоиш, барномаи ташкилоти пахши эфири ва кабели метавонад дастраси умум гардад, сарфи назар аз қабули воқеии онҳо аз ҷониби омма, фаҳмида мешавад;
16) барномаи ташкилоти пахши эфири ё кабели – барномае, ки аз тарафи худи ташкилоти пахши эфири ё кабели, ҳамчунин бо фармоиш ва аз ҳисоби маблаљу васоили он аз тарафи ташкилоти дигар таҳия шудааст;
17) намоиши асар – намоиши асл ё нусхаи асар бевосита ё тавассути навор, диапозитив, кадри телевизиони дар экран ё ба воситаи ягон василаи дигари техники, ҳамчунин намоиши кадрҳои алоҳидаи асари аудиовизуали бе риояи тартиби онҳо;
18) барнома барои МЭҲ – маҷмўи дастурҳо, ки бо калимаҳо, рамзҳо, аломатҳо, нишонаҳо, диаграммаҳо ё бо ягон шакли дигар ифода ёфтаанд ва метавонанд дар МЭҲ ё дастгоҳи дигари компютери бо мақсади ба даст овардани натиҷаи дилхоҳ истифода шаванд. Ин мафҳум ҳам системаи амалиёти ва ҳам барномаи амалиро, ки дар рамзҳои ибтидои ё объекти ифода ёфтаанд, ҳамчунин маводи тайёри ва тасвирҳои аудиовизуалиро, ки дар натиҷаи таҳияи барнома барои МЭҲ ба даст омадаанд, дар бар мегирад ва ба мафҳуми “манбаи маълумот” тааллуқ надорад;
19) намоиш (иҷро)-и оммави – ҳар гуна намоиши асарҳо, иҷроҳо, намоишҳо, барномаҳо аз тарафи ташкилоти иттилооти бевосита дар шакли асл ё нусхаи онҳо ё дар экран ба воситаи навор, слайд, кадр ё тавассути дигар васоил ё амал дар ҷой (ҷойҳо)-е, ки иҷрои онҳо метавонад мустақиман пазируфта шавад. Дар ин маврид дар ҳамон ҷой (ҷойҳо) ашхосе ширкат мекунанд ё метавонанд ширкат дошта бошанд, ки аҳли оилаи муаллиф ё хешу табори ў намебошанд, сарфи назар аз ин, ки онҳо дар як вақт ва дар як ҷой ҳузур доранд ё дар вақтҳои гуногун ва ҷойҳои гуногун (Қонуни ҶТ аз 2.01.2018 № 1488);
20) намоиши оммавии асари аудиовизуали – намоиши тасвирҳои алоҳидаи асари аудиовизуали ба шакли љайримуназзам;
21) нусхабардори (таҷдиди репрографи) – дар шакл ва андозаи дилхоҳ як ё якчанд маротиба нусхабардори кардани нусхаҳои асл ё нусхаҳои асарҳои хатти ё дигар асарҳои графики бо роҳи нусхабардории акси ё бо кўмаки васоили техникии дигар, љайр аз васоили чопи; нигаҳдори ва таҷдиди нусхаҳои мазкур дар шакли электрони (аз ҷумла адади), оптики ё дигар шакли хониши мошиннавис ба таҷдиди репрографи дохил намешавад;
22) ба кироя додан – бо мақсади ба даст овардани фоидаи бевосита ё бавоситаи тиҷорати ба истифодаи муваққкати вогузоштани асл ё нусхаҳои асарҳо ё фонограммаҳо;
23) дастрас кардан – намоиш додан, иҷро кардан, ба эфир баровардан ё анҷом додани амали дигар (ба истиснои паҳн кардани нусхаҳои асар ё фонограмма), ки тавассути он асарҳо, фонограммаҳо, иҷроҳо, намоишҳо, барномаҳои ташкилоти пахши эфири ё кабели барои дарку қабули шунавои ва ё бинои, сарфи назар аз дарки воқеии онҳо аз ҷониби омма, дастраси умум мегарданд;
24) ба воситаи кабел ба омма дастрас кардан – дастрас кардани асарҳо, фонограммаҳо, иҷроҳо, намоишҳо, барномаҳои ташкилоти пахши эфири ё кабели ба омма тавассути кабел, сим, нахи оптики ва дигар васоили ба онҳо монанд.
25) ба маълумоти умум расонидан барои истифодаи интерактиви ба маълумоти умум расонидани асарҳо ё объектҳои ҳуқуқҳои вобаста ба он тарзе, ки намояндагони омма метавонпнд онҳоро аз ҳар ҷой ва ҳар вақт мутобиқи интихобашон дастрас кунанд (Қонуни ҶТ аз 3.03.2006 № 162);
26) иттилоъ дар бораи идора кардани ҳуқуқҳо – ҳар гуна иттилои аз ҷониби дорандагони ҳуқуқ пешниҳодшаванда, ки асар ё дигар объекти аз тарафи Қонуни мазкур ҳифзшаванда, муаллиф, ё дигар дорандаи ҳуқуқро муайян (идентификатсия) менамояд, ё иттилоъ дар бораи шароити истифодаи асар ё дигар объект ва ҳар гуна рақам ва рамзҳое, ки дар онҳо чунин иттилоъ гузошта шудааст, бо вуҷуди он, ки ҳаргуна чунин ҷузъиёти иттилоъ дар нусхаи асар ё дигар объекти аз тарафи Қонуни мазкур ҳифзшаванда нишон дода шудаанд, ё вобаста бо хабар додан ё расонидани чунин асар ё дигар объект барои маълумоти умум пайдо мешаванд (Қонуни ҶТ аз 3.03.2006 № 162);
27) воситаҳои техникии ҳифзи ҳуқуқи муаллиф ва ҳуқуқҳои вобаста ба он-ҳар гуна дастгоҳҳои босамари техники ва қисмҳои онҳо, ки дастрасиро ба асар ё объектҳои ҳуқуқҳои вобаста ба он назорат менамоянд ва амалҳоеро, ки нисбати асар ё объектҳои ҳуқуқҳои вобаста ба он, ки аз ҷониби дорандагони ягон ҳуқуқи аз тарафи Қонуни мазкур ҳифзшаванда иҷозат дода шудаанд, пешгири ва маҳдуд мекунанд (Қонуни ҶТ аз 3.03.2006 № 162);
28) инъикоси овоз ё тасвир – шакли рақамии пешниҳоди овоз ё тасвир бо ёрии воситаҳои техникии дахлдор (Қонуни ҶТ аз 3.03.2006 № 162).
БОБИ II. ҲУҚУҚИ МУАЛЛИФ
editМоддаи 4. Соҳаи амали ҳуқуқи муаллиф
Тибқи ҳамин Қонун ҳуқуқи муаллиф ба асарҳои зерин дода мешавад:
1) асарҳое, ки муаллифони онҳо шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошанд ё дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳалли зисти доими доранд (Қонуни ҶТ аз 2.01.2018 № 1488);
2) асарҳое, ки бори аввал дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ба табъ расидаанд (аз ҷумла асарҳое, ки дар муддати 30 рўзи пас аз санаи интишори аввалин дар кишвари дигар, бори аввал дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ба табъ расидаанд) ё асарҳое, ки ба табъ нарасида, сарфи назар аз табаият ва маҳалли зисти доимии муаллифони онҳо дар шакли муайяни объективи дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор доранд (Қонуни ҶТ аз 1.08.2003 № 27);
3) асарҳое, ки онҳо дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳифз карда мешаванд. Дар ин ҳолат асарҳои соҳибҳуқуқони давлатҳои хориҷии иштирокчиёни санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Тоҷикистон аз ҳифзе бархўрдоранд, ки ба шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод мегардад (реҷаи милли) (Қонуни ҶТ аз 3.03.2006 № 162, аз 2.01.2018 № 1488).
Ҳифзи асар дар ҳудуди Тоҷикистон мутобиқи шартномаҳои байналмилалии эътирофнамудаи Тоҷикистон нисбати асарҳое амалӣ мешавад, ки онҳо дар кишваре, ки асар эҷод шудааст, ба моликияти ҷамъиятӣ дар натиҷаи ба итмом расидани мўҳлати амали ҳуқуқи муаллиф дар он кишвар ва дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар натиҷаи ба итмом расидани мўҳлати қаблан вогузорнамудаи ҳуқуқи муаллифӣ ба моликияти ҷамъиятӣ нагузашта бошад. Дар ин сурат мўҳлати амали ҳуқуқи муаллифӣ дар ҳудуди Тоҷикистон аз мўҳлати амали муқарраргардидаи ҳуқуқи муаллифии кишваре, ки дар он асар эҷод шудааст, зиёд буда наметавонад (Қонуни ҶТ аз 3.12.2009 № 573, аз 2.01.2018 № 1488).
Моддаи 5. Объектҳои ҳуқуқи муаллиф. Муқаррароти умуми
Ҳуқуқи муаллиф ба асарҳои илм, адабиёт ва санъат, ки натиҷаи фаъолияти эҷоди мебошанд, сарфи назар аз таъинот ва аҳамият, ҳамчунин тарзи ифодаи онҳо татбиқ мегардад. Асарҳо бояд дар ин ё он шакли объективи ифода ёбанд:
1) хатти (дастхат, чопи мошини, сабти нотаҳо ва љ.);
2) шифоҳӣ (изҳори оммави, иҷрои оммави ва љ.) (Қонуни ҶТ аз 2.01.2018 № 1488);
3) сабти овози ва видеои (механики, магнити, адади, оптики ва љ.);
4) тасвири (расм, ангора, сурат, нақша, тасмаи кино, навори телевизион, навори видео, кадри аккоси ва љ.);
5) ҳаҷми ва фазои (ҳайкал, намуна, амсила, сохтмон ва љ.);
6) дигар шаклҳои қобили дарку эҳсос.
Ба љоя, усул, ҷараён, тартиб, тарзу усул, равия, принсип, кашфиёт ва факт ҳуқуқи муаллиф татбиқ намегардад.
Ҳуқуқи муаллифи ба асар бо ҳуқуқи моликият ба объекти модди, ки асар дар он ифода ёфтааст, вобастаги надорад.
Таҳвили ҳуқуқи моликият ба объекти модди худ аз худ маънои таҳвили ин ё он ҳуқуқи муаллифро ба асари дар он объект ифодаёфта надорад.
Моддаи 6. Асарҳое, ки объекти ҳуқуқи муаллиф мебошанд
Ба объектҳои ҳуқуқи муаллиф инҳо мансубанд:
1) асарҳои шифоҳи (суханрониҳо, лексияҳо, маърўзаҳо ва љ.);
2) асарҳои адабиёт (адабию бадеи, илми, таълими, публитсисти ва љайра, ҳамчунин тамоми намуди барномаҳо барои МЭҲ, аз ҷумла барномаҳои амали ва системаҳои амалиётие, ки метавонанд дар ҳар забон ва дар ҳар шакл, инчунин дар матни ибтидои ва рамзи объекти таҷассум гарданд) (Қонуни ҶТ аз 3.03.2006 № 162);
3) асарҳои драмави ва мусиқиву драмави, асарҳои сенари;
4) асарҳои хореографи ва пантомима;
5) асарҳои мусиқи бо матн ва бе он;
6) асарҳои аудиовизуали;
7) асарҳои тасвири, ҳайкалтароши, графики, санъати ороишию амали, дизайни, ҳикояҳои тасвири, комиксҳо ва дигар асарҳои санъати тасвири;
8) асарҳои меъмори, шаҳрсози ва санъати богпарвари;
9) асарҳои суратнигори ва дигар асарҳое, ки бо усулҳои ба он монанд офарида мешаванд;
10) харита, нақша, ангора, тарҳҳои чуљрофи, геологи, заминшиноси ва дигар асарҳои пластики, ки ба ҷуљрофия, топография ва илмҳои дигар марбутанд;
11) асарҳои маҳсули (тарҷума, таҳрир, хулоса, реферат, резюме, шарҳу тавзеҳ, саҳнагузори ва дигар коркардҳои асарҳои илми, адабиёт ва санъат);
12) маҷмўаҳо (энсиклопедияҳо, тазкираҳо, манбаъҳои маълумот) ва дигар асарҳои таркиби, ки натиҷаи меҳнати эҷоди буда, ба аломатҳои дар моддаи 5 ҳамин Қонун мутобиқат доранд;
13) қисматҳои асар (аз ҷумла номи он, қаҳрамонҳо ва унсурҳои дигар), ки талаботи қисми якуми моддаи 5-ро қонеъ мегардонанд ва метавонанд дар алоҳидагӣ истифода шаванд (Қонуни ҶТ аз 3.12.2009 № 573).
Асари маҳсули ва таркиби, сарфи назар аз он, ки асарҳои асоси ё таркибии онҳо объекти ҳуқуқи муаллифанд ё не, аз ҳифзи ҳуқуқи муаллиф бархўрдоранд.
Моддаи 7. Асарҳое, ки объекти ҳуқуқи муаллиф нестанд
Ин асарҳо объекти ҳуқуқи муаллиф нестанд:
1) асноди расми (қонунҳо, қарорҳои суди, дигар матнҳои дорои хислати қонуни, маъмури ва суди), ҳамчунин тарҷумаи расмии онҳо;
2) рамзҳо ва нишонаҳои давлати (Парчам, Нишон, Суруди Милли, орденҳо, пули милли ва нишонаҳои дигари давлати) (Қонуни ҶТ аз 1.08.2003 № 27);
3) хабарҳо оид ба ҳодисаву фактҳое, ки хислати иттилооти доранд;
4) асарҳои эҷодиёти халқ.
Моддаи 8. Субъектҳои ҳуқуқи муаллиф
Субъекти ҳуқуқи муаллиф худи муаллиф мебошад.
Муаллиф шахсест, ки ҳангоми интишори асар номи ў ҳамчун муаллиф дар нусхаи асари интишорёфта, дар дастхат ё дар нусхаи аслии асари санъат қайд гардидааст.
Моддаи 9. Ба вуҷуд омадани ҳуқуқи муаллиф. Эътирофи муаллифӣ
(Қонуни ҶТ аз 2.01.2018 № 1488)
Ҳуқуқи муаллиф ба асари илм, адабиёт ва санъат аз лаҳзаи эҷоди он ба миён меояд. Барои ба вуҷуд омадан ва амали сохтани ҳуқуқи муаллиф бақайдгири, ба таври махсус ба расмият даровардани асар ё риояи ин ё он расмиятгарои шарт нест.
Соҳиби ҳуқуқи комили муаллиф барои огоҳ сохтан аз ҳуқуқи худ метавонад аз аломати ҳифзи ҳуқуқи муаллиф истифода кунад, ки он дар ҳар як нусхаи асар сабт ёфта, аз се унсур иборат мебошад:
1) ҳарфи лотинии “С”, ки дар дохили доира аст (С);
2) ном (унвон)-и соҳиби ҳуқуқи комили муаллиф;
3) соли нашри аввали асар.
Дар сурати мавҷуд набудани далелҳои дигар муаллифи асар шахсе ҳисоб меёбад, ки дар асл ва ё нусхаи асар ба сифати муаллиф сабт ёфтааст.
Дар сурати беимзо ва ё таҳти имзои мустаор нашр гардидани асар (љайр аз ҳолатҳое, ки тахаллуси муаллиф барои шахсияти ў шубҳаовар нест) ношире, ки ному унвони он дар асар сабт ёфтааст, ҳангоми мавҷуд набудани далелҳои дигар, намояндаи муаллиф ҳисоб меёбад ва ба ҳифзи ҳуқуқи муаллиф ва амали сохтани он ҳуқуқ дорад. Ин ҳолат то замоне амал мекунад, ки муаллифи асари мазкур шахсият ва муаллифии худро маълум накунад (Қонуни ҶТ аз 2.01.2018 № 1488).
Соҳиби ҳуқуқи муаллиф ва ё шахсоне, ки дорои ягон навъ салоҳияти комил ба асар мебошанд, барои дарёфти шаҳодатномаи муаллифи ба асари нашршуда ё нашрнашуда, дар бораи факт ва санаи нашри асар ё шартномаҳое, ки ба ҳуқуқи муаллиф марбутанд, метавонанд бо тартибе, ки аз тарафи мақоми ваколатдори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи ҳифзи ҳуқуқи муаллиф ва ҳуқуқи вобаста ба он (минбаъд – мақоми ваколатдор) муайян карда мешавад, дар давоми тамоми мўҳлати ҳифзи ҳуқуқи муаллиф аз қайд гузаранд.
Соҳиби объекти модди, ки асар дар он ифода ёфтааст, ба шахсе, ки соҳиби ҳуқуқи муаллиф мебошад, дар бақайдгирии асар монеъ шуда наметавонад.
Моддаи 10. Ҳаммуаллифи
Ҳуқуқи муаллиф ба асаре, ки маҳсули эҷодии ду ва ё зиёда шахсон ҳисоб меёбад (ҳаммуаллифи), муштаракан ба ҳамаи муаллифони он тааллуқ дорад, сарфи назар аз он, ки асари мазкур як ҷузъи томи тақсимнопазирро ташкил мекунад ва ё аз қисматҳои ҷудогонаи дорои аҳамияти мустақил таркиб ёфтааст.
Қисме аз асар дар сурате дорои аҳамияти мустақил эътироф мешавад, ки агар он сарфи назар аз қисматҳои дигари асар қобили истифода бошад.
Ҳар яке аз ҳаммуаллифон ҳуқуқҳои шахсии молумулк ва љайримолумулкии худро ба қисматҳои ҷудогонаи дорои аҳамияти мустақил, ки муаллифи он мебошад, нигоҳ медорад, ба шарте ки аз рўи созишномаи байниҳамдигарии онҳо чизи дигаре пешбини нашуда бошад (Қонуни ҶТ аз 2.01.2018 № 1488).
Шахсоне ҳаммуаллиф пазируфта намешаванд, ки ба муаллиф танҳо кўмакҳои техникӣ, ташкилӣ, молиявӣ ва љайра расонидаанд, зеро ин амал фаъолияти эҷодӣ маҳсуб намегардад (Қонуни ҶТ аз 3.12.2009 № 573).
Муносибатҳои байниҳамдигарии ҳаммуаллифон метавонанд тибқи созишномаи онҳо муайян карда шаванд. Ҳангоми мавҷуд набудани чунин созишнома ҳуқуқи муаллиф ба асар аз тарафи ҳамаи муаллифон якҷоя амали мегардад ва ҳаққи қалам дар байни ҳаммуаллифон баробар тақсим карда мешавад.
Агар асари ҳаммуаллифон як ҷузъи тому қисматнопазирро ташкил диҳад, ҳеҷ яке аз ҳаммуаллифон бе сабабҳои асосноки кофи наметавонад истифодаи асарро манъ кунад.
Агар дар созишномаи байни ҳаммуаллифон чизи дигаре пешбинӣ нашуда бошад, ҳар яке аз ҳаммуаллифон ҳуқуқ дорад аз номи худ, аз ҷумла бе гирифтани иҷозати ҳаммуаллифони дигар, мутобиқи нишондоди Қонуни мазкур ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ҷиҳати ҳифзи ҳуқуқҳо нисбат ба асар тадбирҳо андешад. Ҳаммуаллифе, ки чунин тадбирҳо меандешад, вазифадор аст ҳаммуаллифони дигарро огоҳ намояд (Қонуни ҶТ аз 3.12.2009 № 573).
Моддаи 11. Ҳуқуқи муаллифии мураттибони маҷмўаҳо ва дигар асарҳои таркиби
Мураттиби маҷмўаҳо ва дигар асарҳои таркиби барои интихоб ва ҷобаҷогузории маводе, ки аз тарафи вай анҷом дода шудааст ва натиҷаи меҳнати эҷоди (мураттиби) ҳисоб меёбад, дорои ҳуқуқи муаллиф мебошад.
Мураттиб дар сурате метавонад аз ҳуқуқи муаллиф истифода намояд, ки ҳуқуқи муаллифони ҳар яке аз асарҳои дар асари таркиби ҷойдодашударо риоя намояд.
Муаллифоне, ки асарҳояшон ба асари таркиби дохил карда шудаанд, метавонанд аз асарҳои худ, сарфи назар аз асари таркиби, истифода кунанд, ба шарте ки дар шартномаи муаллифи чизи дигаре пешбини нашуда бошад.
Ҳуқуқи муаллиф ба маҷмўаи асарҳое, ки мавзўи ҳуқуқи ягон муаллиф намебошанд, аз ҷумла қонунҳо, қарорҳои суди, асноди расмии дигар, сарчашмаҳои таърихи ва ёдгориҳо ва дигар асарҳое, ки тавассути ҳуқуқи муаллиф ҳифз намешаванд, ба мураттибони он дар сурате тааллуқ дорад, ки онҳо маводи ба маҷмўа ҷойдодашударо мустақилона таҳрир ё мураттаб кардаанд.
Ҳуқуқи муаллифии мураттиб наметавонад ба шахсони дигар дар интихобу ҷобаҷогузории мустақилонаи маводи дар маҷмўа ҷойдошта бо мақсади мураттаб сохтани асарҳои таркибии худашон монеъ гардад.
Ношири энсиклопедияҳо, луљатҳои энсиклопеди, маҷмўаҳои корҳои илмии даври ва бардавом, рўзнома, маҷалла ва дигар нашрияҳои даври дорои ҳуқуқи комили истифодаи ин нашрияҳо мебошад. Ҳангоми ҳар гуна истифодаи чунин нашрияҳо ношир ҳуқуқ дорад унвони худро зикр намояд ва ё зикри онро талаб кунад. Муаллифони асарҳое, ки ба чунин нашрияҳо дохил карда шудаанд, ҳуқуқи комили худро барои истифодаи асарҳои худ, сарфи назар аз нашрия, нигоҳ медоранд, ба шарте ки дар шартномаи муаллифи чизи дигаре пешбини нашуда бошад (Қонуни ҶТ аз 2.01.2018 № 1488).
Моддаи 12. Ҳуқуқи муаллифии тарҷумонҳо ва муаллифони дигар асарҳои маҳсули
Ба тарҷумонҳо ва муаллифони дигар асарҳои маҳсули ҳуқуқи муаллиф барои тарҷума таҳрир, таҳия ва дигар навъи коркарди асар тааллуқ дорад.
Тарҷумон ва муаллифи дигар асари маҳсули дар сурате аз ҳуқуқи муаллиф истифода мекунад, ки агар ҳуқуқи муаллифи асари тарҷумашуда, таҳрирёфта, таҳияшуда ё таҳти навъи коркард қароргирифта аз тарафи ў риоя карда шавад.
Ҳуқуқи муаллифии тарҷумонҳо ва муаллифони дигар асарҳои маҳсули барои шахсони дигар дар мавриди тарҷума ва коркарди нави ҳамон асарҳо монеъ намешавад.
Моддаи 13. Ҳуқуқи муаллифии асарҳои аудиовизуали
Шахсони зерин муаллифи асари аудиовизуали мебошанд:
режиссёри таҳиягар;
муаллифи сенарий;
муаллифи асари мусиқи (бо матн ва бидуни он), ки махсус барои ҳамон асари аудиовизуали офарида шудааст (бастакор).
Бастани шартнома роҷеъ ба офаридани асари аудиовизуали аз тарафи муаллифони ҳамин асар ба таҳиягари асари аудиовизуали таҳвил додани ҳуқуқи комилро барои таҷдид, паҳн кардан, иҷрои оммави, тавассути пахши кабели дастраси омма кардан, ба эфир додан ва тамоми дигар навъҳои дастраси омма кардани асари аудиовизуали, ҳамчунин ҳуқуқи бо зернавис (субтитрҳо) ва дубляж таъмин намудани асари аудиовизуалиро пешбини менамояд, агар дар шартномаи басташуда чизи дигаре пешбини нашуда бошад. Ин ҳуқуқ дар давоми мўҳлати эътибори ҳуқуқи муаллиф ба асари аудиовизуали амал мекунад.
Таҳиягари асари аудиовизуали ҳуқуқ дорад, ки дар ҳамаи мавридҳои истифодаи асар ном ё унвони худро зикр намояд ё зикри онро талаб кунад (Қонуни ҶТ аз 2.01.2018 № 1488).
Ҳангоми иҷрои оммавии асари аудиовизуали муаллифи асари мусиқи (бо матн ва бидуни он) ҳуқуқи худро ба ҳаққи қалам барои иҷрои оммавии асари мусиқиаш нигоҳ медорад.
Муаллифи асарҳои ҳам қисми таркибии асари аудиовизуали, ҳам асарҳои қаблан мавҷудбуда (муаллифи романе, ки дар асоси он сенарий таҳия шудааст ва љ.), ҳам асарҳои дар ҷараёни кор бо онҳо офаридашуда (коргардони таҳиягар, рассоми таҳиягар ва љ.) ҳар яке дорои ҳуқуқи муаллиф ба асари худ мебошанд.
Моддаи 14. Ҳуқуқи муаллиф ба асари хизмати
Ҳуқуқҳои шахсии љайримолумулкӣ ба муаллифи асаре, ки онро зимни иҷрои вазифа ё супориши хизмати эҷод кардааст (асари хизмати), тааллуқ доранд (Қонуни ҶТ аз 1.08.2003 № 27, аз 2.01.2018 № 1488).
Ҳуқуқи комили истифода аз асари хизмати танҳо ба шахсе тааллуқ дорад, ки бо муаллиф дар муносибатҳои меҳнати қарор дорад (корфармо), агар дар шартномаи байни ў ва муаллиф чизи дигаре пешбини нашуда бошад.
Агар корфармо асари аз рўи фармоиши худаш офаридашударо дар муддати се соли баъди дастрас шудани он истифода накунад, тамоми ҳуқуқи истифода аз асар ба муаллиф мегузарад.
Андозаи ҳаққи қалам барои ҳар як навъи истифода аз асари хизмати ва тартиби пардохти музди он тавассути шартномаи байни муаллиф ва корфармо муқаррар карда мешавад.
Корфармо ҳуқуқ дорад, ки зимни ҳар истифодаи асари хизмати унвони худро зикр намояд ё зикри онро талаб кунад (Қонуни ҶТ аз 2.01.2018 № 1488).
Агар энсиклопедияҳо, луљатҳои энсиклопеди, маҷмўаи корҳои илмии даври ва бардавом, рўзнома, маҷалла ва дигар нашрияҳои даври, ки дар қисми шашуми моддаи 11 ҳамин Қонун пешбини шудаанд, зимни иҷрои вазифаҳо ва супоришҳои хизмати офарида шаванд, қоидаҳои ҳамин модда ба онҳо татбиқ намегарданд.
Моддаи 15. Ҳуқуқи шахсии љайримолумулкии муаллифон
(Қонуни ҶТ аз 2.01.2018 № 1488)
Ба муаллиф нисбати асари ў чунин ҳуқуқи шахсии љайримолумулкӣ дода мешавад (Қонуни ҶТ аз 2.01.2018 № 1488):
1) ҳуқуқи эътирофи муаллифият ба асари офаридашуда (ҳуқуқи муаллифӣ);
2) ҳуқуқи истифода ё иҷозати истифодаи асар бо номи ҳақиқии муаллиф, тахаллуси ў ва ё бе зикри ном, яъне беимзо (ҳуқуқи ном);
3) ҳуқуқи интишор ё иҷозати интишори асар дар ҳар шакл (ҳуқуқи интишор), аз ҷумла ҳуқуқи бозхонд;
4) ҳуқуқи ҳифзи асар, аз ҷумла унвони он аз ҳар гуна таҳрифкори ва дигар навъи дахолат, ки метавонад ба номус ва шаъни муаллиф зарар расонад (ҳуқуқи ҳифзи эътибори муаллиф);
5) ҳуқуқи дахлнопазирии асар.
Муаллиф ҳуқуқ дорад, ки аз қарори қаблан қабулшуда доир ба нашри асар даст кашад (ҳуқуқи бозхонд), ба шарте ки ба истифодабаранда ҳама гуна зарари дар натиҷаи чунин қарор бамиёномадаро ҷуброн намояд. Агар асар аллакай нашр шуда бошад, муаллиф бояд дар бораи бозхонди он ошкор эълон намояд. Дар ин маврид ў аз ҳисоби худ нусхаҳои дар муомилотбудаи асари худро харида мегирад (Қонуни ҶТ аз 2.01.2018 № 1488).
Муқаррароти қисми дуюми ҳамин модда ҳангоми таълифи асарҳои хизмати татбиқ намегарданд.
Ҳуқуқи шахсии љайримолумулкии муаллиф ба ў, сарфи назар аз ҳуқуқи молумулкӣ, тааллуқ дорад ва дар ҳолати таҳвили ҳуқуқи комили истифодаи асар нигоҳ дошта мешавад.
Моддаи 16. Ҳуқуқҳои молумулкии муаллиф
(Қонуни ҶТ аз 2.01.2018 № 1488)
Ба муаллиф нисбати асари ў ҳуқуқи комили истифодаи асар дар ҳама гуна шаклу тарз дода мешавад ва ин чунин маъни дорад, ки муаллиф амалҳои зеринро иҷро намояд ва ё ба иҷрои онҳо иҷозат диҳад:
1) таҷдиди асар (ҳуқуқи таҷдид);
2) паҳн кардани нусхаҳои асар бо ҳар тарз: фурўхтан, ба кироя додан ва љ. (ҳуқуқи паҳнкуни);
3) ворид кардани нусхаҳои асар бо мақсади паҳнкуни, аз ҷумла нусхаҳое, ки бо иҷозати соҳиби ҳуқуқи комил таҳия шудаанд (ҳуқуқи воридот);
4) намоиши оммавии асар (ҳуқуқи намоиши оммави);
5) иҷрои оммавии асар (ҳуқуқи иҷрои оммави);
6) ба омма дастрас кардани асар (аз ҷумла намоиш додан, иҷро ё ба эфир додан) ба воситаи пахши эфири ва (ё) пахши минбаъдаи эфири (ҳуқуқи пахши эфири);
7) ба омма дастрас кардани асар (аз ҷумла намоиш додан, иҷро ё ба эфир додан) ба воситаи кабел ё тавассути дастгоҳҳои дигари ба он монанд (ҳуқуқи пахши кабели);
8) тарҷумаи асар (ҳуқуқи тарҷума);
9) таҷдиди коркард, аранжировка ва ё навъи дигари коркард (ҳуқуқи коркард).
10) ба маълумоти умум расонидани асар барои истифодаи интерактиви (ҳуқуқи ба маълумоти умум расонидан) (Қонуни ҶТ аз 3.03.2006 № 162).
Ҳуқуқи комили муаллиф ба истифодаи лоиҳаҳои дизайни, меъмори, шаҳрсози ва бољпарвари татбиқ намудани чунин лоиҳаҳоро дар бар мегирад. Муаллифи лоиҳаи меъмории қабулшуда ҳуқуқ дорад, ки аз фармоишгар ҳуқуқи ширкатро дар амали сохтани лоиҳаи худ ҳангоми таҳияи ҳуҷҷатҳо барои сохтмон ва зимни сохтани бинову иншоот талаб намояд, ба шарте ки дар шартнома чизи дигаре пешбини нашуда бошад (Қонуни ҶТ аз 2.01.2018 № 1488).
Агар нусхаҳои асари қонунан чопшуда тавассути фурўш ба муомилот бароварда шуда бошанд, паҳнкунии минбаъдаи онҳо метавонад бидуни ризоияти муаллиф ё дигар соҳиби ҳуқуқи муаллиф ва бе пардохти ҳаққи қалами муаллиф анҷом дода шавад. Дар ин маврид ба муаллифон ё дигар соҳибони ҳуқуқи муаллифии асарҳои аудиовизуали, барномаҳои МЭҲ, манбаъҳои маълумот, асарҳои мусиқии нотави ва асарҳое, ки дар фонограммаҳо сабт ёфтаанд, ҳуқуқи ба кироя додани асл ё нусхаҳои чунин асарҳо, сарфи назар аз мансубияти ҳуқуқи моликият ба нусхаҳои асл ва љайриасли, ки ба кироя дода мешаванд, нигоҳ дошта мешавад.
Муаллиф ба гирифтани ҳаққи қалам барои ҳар як намуди истифодаи асараш ҳуқуқ дорад (ҳуқуқ ба ҳаққи қалам).Андоза ва тартиби ҳисоби ҳаққи қалами муаллиф барои ҳар як навъи истифодаи асар аз тарафи шахсони дигар дар шартномаи муаллифи, ҳамчунин шартномаҳое, ки байни ташкилотҳои идораи дастаҷамъии ҳуқуқи молумулкии муаллифон ва истифодабарандагони асар баста мешаванд, муқаррар карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 3.03.2006 № 162, аз 2.01.2018 № 1488).
Маҳдудиятҳои ҳуқуқҳои дар қисми якум ва дуюми моддаи мазкур зикргардида бо модаҳои 19-21, 24 ва 39 ҳамин Қонун муқаррар карда мешаванд, ба шарте ки чунин маҳдудиятҳо ба истифодаи дурусти асар зарари беасос нарасонанд ва манфиатҳои қонунии муаллифро беасос халалдор накунанд.
Моддаи 17. Мўҳлати амали ҳуқуқи муаллиф
Ҳуқуқи муаллиф дар давоми тамоми ҳаёти муаллиф эътибор дорад, ба мерос мегузарад ва љайр аз ҳолатҳое, ки дар ҳамин модда пешбини гардидаанд, дар давоми панҷоҳ соли пас аз фавти муаллиф амал мекунад.
Ҳуқуқи муаллифӣ, ҳуқуқи ном ва ҳуқуқи ҳифзи эътибори муаллиф бемўҳлат ҳифз мешавад (Қонуни ҶТ аз 2.01.2018 № 1488).
Муаллиф ҳуқуқ дорад мувофиқи тартиби муқарраркардаи қонун шахсеро муайян намуда, ба ў ваколати ҳифзи ҳуқуқи муаллиф, ҳуқуқи ном ва ҳуқуқи ҳифзи эътибори худро пас аз маргаш вогузорад. Ин шахс ваколатҳои худро умрбод амали месозад (Қонуни ҶТ аз 2.01.2018 № 1488).
Ҳангоми мавҷуд набудани чунин шахс ҳифзи ҳуқуқи муаллифӣ, ҳуқуқи ном ва ҳуқуқи ҳифзи эътибори муаллиф аз тарафи ворисони ў амали карда мешавад, дар сурати набудани ворисон ва ё қатъ гардидани ҳуқуқи муаллифии онҳо ҳифзи ҳуқуқҳои мазкур аз тарафи мақоми ваколатдор амали мегардад (Қонуни ҶТ аз 2.01.2018 № 1488).
Ҳуқуқи муаллиф ба асари ҳаммуаллифи дар давоми тамоми ҳаёти муаллифон ва панҷоҳ соли пас аз фавти муаллифи охирин амал мекунад.
Ҳуқуқи муаллиф ба асари беимзо ё бо номи мустаор нашргардида дар давоми панҷоҳ соли пас аз нашри қонунии он амал мекунад. Агар дар давоми мўҳлати муқарраршуда муаллифи асаре, ки беимзо ё бо номи мустаор ба табъ расидааст, шахсияти худро ошкор намояд ва ё шахсияти ў шубҳаовар набошад, муқаррароти қисми якуми ҳамин модда татбиқ мегардад.
Ҳуқуқи муаллиф ба асаре, ки бори аввал дар давоми си соли пас аз фавти муаллиф ба табъ расидааст, дар давоми панҷоҳ соли пас аз нашри қонунии он амал мекунад.
Ҳисоби мўҳлатҳое, ки дар ҳамин модда пешбини шудаанд, аз 1 январи соли ояндаи ба вуқўъ омадани факти ҳуқуқие, ки ба ољози мўҳлат асос мегарданд, шурўъ мешавад.
Ҳангоми таъмини ҳифзи асар мутобиқи санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон мўҳлати ҳифзи ҳуқуқи муаллиф аз мўҳлати муқаррарнамудаи мамлакате, ки дар он асар офарида шудааст, зиёд буда наметавонад (Қонуни ҶТ аз 3.03.2006 № 162).
Моддаи 18. Оқибатҳои қатъи мўҳлати амали ҳуқуқи муаллиф
Қатъи мўҳлати амали ҳуқуқи муаллиф маънои ба сарвати ҷамъияти табдил ёфтани асарро дорад (Қонуни ҶТ аз 3.03.2006 № 162).
Асарҳое, ки дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳеҷ вақт ҳифз карда намешуданд, низ ба сарвати ҷамъияти табдил меёбанд (Қонуни ҶТ аз 3.03.2006 № 162, аз 2.01.2018 № 1488).
Асарҳое, ки ба сарвати ҷамъияти табдил ёфтаанд, метавонанд аз тарафи ҳар шахс бе пардохти ҳаққи қалами муаллифи истифода шаванд. Дар ин сурат ҳуқуқи муаллифӣ, ҳуқуқи ном ва ҳуқуқи ҳифзи эътибори муаллиф, ки дар ҳамин моддаи 15 Қонун пешбини шудааст, бояд риоя гардад (Қонуни ҶТ аз 3.03.2006 № 162).
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқ дорад барои истифодаи асарҳои ба сарвати ҷамъияти табдилёфта дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон музд муқаррар намояд, ки он ба Хазинаҳои касбии муаллифон, ҳамчунин ташкилотҳое, ки ҳуқуқи молумулкии муаллифонро дар асоси дастҷамъи идора мекунанд, пардохта мешавад. Андозаи чунин музд набояд аз 1 фоизи даромади аз истифодаи чунин асарҳо бадастомада зиёд бошад (Қонуни ҶТ аз 3.03.2006 № 162, аз 2.01.2018 № 1488).
Моддаи 19. Таҷдиди асар бо мақсадҳои шахси бе иҷозати муаллиф ва бе пардохти ҳаққи қалами муаллиф
Таҷдиди асари қонунан интишорёфтаи шахси дигар бе ризоияти муаллиф ё дигар соҳиби ҳуқуқи муаллиф ва бе пардохти ҳаққи қалами муаллиф фақат барои қонеъ гардонидани талаботи шахси мумкин аст, ба шарте ки дар ин маврид истифодаи муътадили асар вайрон нагардад ва манфиатҳои қонунии муаллиф, љайр аз ҳолатҳои пешбининамудаи моддаи 39 ҳамин Қонун, поймол нагарданд.
Муқаррароти ҳамин модда дар ҳолатҳои зерин истифода намешавад:
1) таҷдиди асарҳои меъмори дар шакли биноҳо ва иншооти ба он монанд;
2) таҷдиди манбаъҳои маълумот ё қисматҳои муҳими онҳо;
3) таҷдиди барномаҳо барои МЭҲ, ба истиснои ҳолатҳое, ки дар моддаи 24 ҳамин Қонун пешбини гардидаанд;
4) пурра аз нав чоп кардани нусхаи китобҳо ва матни нотаҳо.
5) ҳар як таҷдиди беиҷозати асар, ки ба маълумоти умум барои истифодаи интерактиви расонида шудааст (Қонуни ҶТ аз 3.03.2006 № 162).
Моддаи 20. Истифодаи асар бе ризоияти муаллиф ва бе пардохти ҳаққи қалами муаллиф, вале бо нишон додани номи муаллифи асар ва манбаи иқтибос
Бе ризоияти муаллиф ё дигар соҳиби ҳуқуқи муаллиф ва бе пардохти ҳаққи қалами муаллиф, вале бо нишон додани ҳатмии номи муаллифи асари истифодашаванда ва манбаи иқтибос, анҷом додани амалҳои зерин мумкин аст:
1) иқтибос дар асл ва дар тарҷума бо ҳадафҳои илми, тадқиқоти, мубоҳисави, танқиди ва иттилооти аз асарҳои қонунан интишорёфта дар ҳаҷме, ки ҳадафи иқтибос тақозо мекунад аз ҷумла таҷдиди порчаҳо аз мақолаҳои рўзномаву маҷаллаҳо дар шакли шарҳу хулосаҳои матбуот;
2) истифодаи асарҳои қонунан интишорёфта ва қисматҳои алоҳидаи онҳо ба сифати тасвиру намунаҳо дар нашрияҳо, барномаҳои радио ва телевизион, сабтҳои овози ва видеоии характери таълимидошта, – дар ҳаҷме, ки ҳадафи гузошташуда тақозо мекунад;
3) дар матбуот, дар барномаҳои пахши эфири ва кабели барои маълумоти умум таҷдид намудани мақолаҳои дар рўзномаҳову маҷаллаҳо қонунан чопшуда роҷеъ ба масъалаҳои ҷории иқтисоди, сиёси ва дини, ба шарте ки чунин амалҳо аз тарафи муаллиф махсус манъ нашуда бошад;
4) таҷдиди суханрониҳо, муроҷиатномаҳо, маърўзаҳо ва асарҳои амсоли онҳо дар матбуот барномаҳои эфири ва хабарҳои кабели барои маълумоти умум, – дар ҳаҷме ки ҳадафи иттилооти тақозо мекунад. Дар ин маврид ҳуқуқи муаллиф барои чоп кардани чунин асарҳо дар маҷмўаҳо нигоҳ дошта мешавад;
5) тавассути суратҳо, бо роҳи барномаҳои эфири ё кабели таҷдид ё ба омма дастрас кардани асарҳо роҷеъ ба ҳодисаҳои маълуми ҷори дар шарҳу хулосаҳои ҳодисаҳои ҷори ҳаҷме, ки ҳадафи иттилооти тақозо мекунад. Дар ин маврид ҳуқуқи муаллиф барои дар маҷмўаҳо чоп кардани чунин асарҳо нигоҳ дошта мешавад;
6) таҷдиди асарҳои қонунан нашршуда бидуни гирифтани фоида бо навъи хати нуқтагии барҷаста ва дигар тарзҳои махсус барои нобиноён,љайр аз асарҳое, ки махсус барои чунин тарзҳои таҷдид офарида шудаанд;
7) бе гирифтани фоида як адад нусхабардори кардани:
а) асари қонунан нашршуда аз тарафи китобхонаву бойгониҳо барои барқарор ё иваз намудани нусхаҳои вайроншуда ва гумшуда, пешкаш намудани нусхаҳои асар ба китобхонаҳои дигар, ки бо сабабҳои гуногун асарҳоро аз хазинаи худ гум кардаанд, – агар ба даст овардани чунин нусха бо роҳи дигар имконнопазир бошад;
б) мақолаҳои ҷудогона ва асарҳои ҳаҷман хурди қонунан дар маҷмўаҳо, рўзномаҳо аз дигар нашрияҳои даври нашршуда, порчаҳои хурд аз асарҳои қонунан нашршудаи хатти (бо тасвирҳо ва бе он) аз тарафи китобхонаҳо ва бойгониҳо бо талабу дархости шахсони воқеи барои мақсадҳои таълими ва таҳқиқоти;
в) мақолаҳои ҷудогона ва асарҳои ҳаҷман хурди қонунан дар маҷмўаҳо, рўзномаҳо ва дигар нашрияҳои даври нашршуда, порчаҳои хурд аз асарҳои қонунан интишорёфтаи хатти (бо тасвирҳо ва бе он) аз тарафи муассисаҳои маориф барои машљулиятҳои таълими.
Моддаи 21. Истифодаи асар бе ризоияти муаллиф ва бе пардохти ҳаққи қалами муаллиф
Истифодаи асар бе ризоияти муаллиф ё дигар соҳиби ҳуқуқи муаллиф ва бе пардохти ҳаққи қалами муаллиф дар ҳолатҳои зерин мумкин аст:
1) таҷдид, ба эфир додан ё тавассути кабел ба омма дастрас кардани асарҳои меъмори суратгири, санъати тасвири, ки ҳамеша дар ҷойҳои дастраси умум қарор доранд, љайр аз ҳолатҳое, ки тасвири асар ҷузъи асосии чунин таҷдид, барномаҳои эфири ва кабели мебошад ё тасвири асар бо мақсадҳои тиҷорати истифода мешавад;
2) иҷрои оммавии асарҳои мусиқи ҳангоми маросимҳои расми ва дини, ҳамчунин маросими дафн, – дар ҳаҷме, ки хислати чунин маросимҳо тақозо мекунад;
3) таҷдиди асарҳо барои мурофиаи суди, – дар ҳаҷме, ки мақсади мазкур тақозо мекунад;
4) аз тарафи ташкилоти пахши барномаҳои эфири сабт намудани истифодаи кутоҳмуддати асаре, ки ташкилот ҳуқуқи ба эфир додани онро соҳиб шудааст, – ба шарте ки чунин сабт аз тарафи ташкилоти пахши барномаҳои эфири бо кумаки таҷҳизоти худи он ва барои барномаҳои хусусии он сурат гирад. Дар ин маврид чунин ташкилот вазифадор аст, ки сабти мазкурро дар муддати шаш моҳи баъди таҳия шудани он нобуд созад, – агар барои муддати аз он бештари истифода бо муаллифи асари сабтшуда мувофиқа ба даст наомада бошад. Агар сабт хислати сирф ҳуҷҷати дошта бошад, он метавонад бидуни ризоияти муаллиф дар бойгониҳои расми нигоҳ дошта шавад.
Моддаи 22. Ҳуқуқи рухсати истифодаи асарҳои санъати тасвири. Ҳуқуқи пайгири
Муаллифи асари санъати тасвири ҳуқуқ дорад аз соҳиби асар имконияти амали сохтани ҳуқуқи таҷдиди асари худро талаб кунад (ҳуқуқи рухсат). Дар ин маврид аз соҳиби асар ба муаллиф бурда расонидани онро талаб кардан мумкин нест (Қонуни ҶТ аз 2.01.2018 № 1488).
Аз муаллиф ба шахси дигар гузаштани ҳуқуқи моликият ба асари саньати тасвири (пулаки ё ройгон) маънои фурўши аввалини ин асарро дорад.
Дар ҳар як ҳолати аз нав фурўхта шудани асари санъати тасвири ба таври расми (дар музояда, галереяи санъати тасвири, толори рассоми, маљоза ва љ.) муаллиф ҳуқуқи аз фурўшанда гирифтани ҳаққи қаламро ба андозаи 5 фоизи қимати фурўши такрори дорад (ҳуқуқи пайгири). Ин ҳуқуқ бегона карда намешавад ва танҳо ба ворисони муаллиф аз рўи қонун ба муддати амали ҳуқуқи муаллиф мегузарад.
Моддаи 23. Ҳифзи манфиатҳои шахсе, ки дар асар тасвир ёфтааст
Интишор, таҷдид ва паҳн намудани асари санъати тасвири, ки дар он шахси дигар тасвир ёфтааст, танҳо бо ризоияти шахси тасвиршуда ва пас аз фавти ў – бо ризоияти ворисони навбати аввал имконпазир аст. Агар шахс ба ивази музди муайян аз рўи шартнома тасвир шуда бошад, чунин ризоият лозим нест.
Моддаи 24. Таҷдиди озоди барномаҳо барои МЭҲ ва манбаъҳои маълумот. Густурдани барномаҳо барои МЭҲ
Шахсе, ки қонунан соҳиби нусхаи барнома барои МЭҲ ё манбаи маълумот мебошад, ҳуқуқ дорад, ки бе ризоияти муаллиф ё дигар соҳиби ҳуқуқи комил ва бе пардохти ҳаққи қалами иловаги корҳои зеринро анҷом диҳад (Қонуни ҶТ аз 2.01.2018 № 1488):
ба барнома барои МЭҲ ё манбаи маълумот таљйироте дохил намояд, ки он фақат бо мақсадҳои фаъолияти вай дар васоили техникии истифодабаранда амали мешавад, ҳар гуна амалеро иҷро намояд, ки бо фаъолияти барнома барои МЭҲ ё манбаи маълумот мувофиқи таъиноти он вобаста аст, аз ҷумла, сабт ва нигаҳдори дар хотираи МЭҲ, ки барои як МЭҲ ё истифодабарандаи як шабака мумкин аст, ба шарте ки дар шартнома бо муаллиф чизи дигаре пешбини нашуда бошад;
нусхаи барномаро барои МЭҲ ё манбаи маълумот таҳия намояд, ба шарте ки ин нусха барои мақсадҳои ба бойгони супоридан ё иваз кардани нусхаи аслии барнома барои МЭҲ ё манбаи маълумоте, ки гум шудааст, ё љайри қобили истифода гардидааст, таъин гардад. Дар ин маврид нусхаи барнома барои МЭҲ ё манбаи маълумот, агар соҳибияти минбаъда ба ин барномаи МЭҲ ё манбаи маълумот љайриқонуни гардад, бояд нобуд карда шавад.
Шахсе, ки қонунан соҳиби нусхаи барнома барои МЭҲ мебошад, ҳуқуқ дорад, ки бе ризоияти муаллиф ё дигар соҳиби ҳуқуқи комил ва бе пардохти ҳаққи қалами иловаги рамзи объектиро ба матни ибтидои табдил диҳад ва таҷдид намояд (барномаи МЭҲ-ро густариш диҳад) ё анҷоми ин амалро ба шахси дигар вогузор намояд, ба шарте ки он барои ба даст овардани қобилияти ба фаъолияти мутақобилаи барномаи аз тарафи ин шахс мустақилона таҳияшуда бо барномаҳои дигар, ки метавонанд бо барномаи густурдашуда дар фаъолияти мутақобила бошанд. Дар ин мавриди риояи шартҳои зерин зарур аст (Қонуни ҶТ аз 2.01.2018 № 1488):
1) маълумоте, ки барои ба даст овардани қобилият ба фаъолияти мутақобила зарур аст, қаблан ба ин шахс аз манбаъҳои дигар дастрас нашуда бошад;
2) амалҳои мазкур танҳо барои он қисматҳои барномаи густурдашудаи МЭҲ татбиқ мешаванд, ки барои ба даст овардани қобилият ба фаъолияти мутақобила заруранд;
3) маълумоте, ки дар натиҷаи густариш ҳосил мешавад, метавонад фақат барои ба даст овардани қобилият ба фаъолияти мутақобилаи барномаи мустақилона таҳияшудаи МЭҲ бо барномаҳои дигар истифода шавад: он наметавонад ба шахси дигар таҳвил дода шавад, љайр аз ҳолатҳое, ки чунин амал барои ба даст овардани қобилият ба фаъолияти мутақобилаи барномаи мустақилона таҳияшудаи МЭҲ бо барномаҳои дигар зарур бошад, ҳамчунин он наметавонад барои таҳияи барномаи МЭҲ, ки аз рўи шаклу намуди худ бо барномаи густурдашудаи МЭҲ хеле монанд аст ва ё барои амали сохтани ҳар гуна амали дигар, ки ҳуқуқи муаллифиро вайрон мекунад, истифода гардад.
Татбиқи муқаррароти ин модда набояд барои истифодаи мўътадили барномаи МЭҲ ё манбаи маълумот зарари беасос расонад ва набояд манфиатҳои қонунии муаллиф ё дигар шахси соҳиби ҳуқуқи комилро ба барнома барои МЭҲ ё манбаи маълумот беасос поймол созад.
Моддаи 25. Шартномаи муаллифи. Таҳвили ҳуқуқҳои молумулкӣ
(Қонуни ҶТ аз 2.01.2018 № 1488)
Ҳуқуқи молумулкие, ки дар моддаи 16 ҳамин Қонун зикр ёфтаанд, ба истиснои ҳолатҳои дар моддаҳои 19-21, 24 ва 39 ҳамин Қонун пешбинигардида, метавонанд танҳо аз рўи шартномаи муаллифи пурра ё қисман таҳвил дода шаванд (Қонуни ҶТ аз 2.01.2018 № 1488).
Таҳвили ҳуқуқи молумулкӣ метавонад комил ё љайрикомил бошад (иҷозатномаи комил ва љайрикомил) (Қонуни ҶТ аз 2.01.2018 № 1488).
Шартномаи муаллифи доир ба таҳвили ҳуқуқҳои комил истифодаи асарро аз рўи тарзу усулҳои муайян ва дар ҳудуди бо шартнома муқарраргардида танҳо барои шахсе иҷозат медиҳад, ки ин ҳуқуқҳо ба ў таҳвил дода мешавад ва чунин шахс ҳуқуқ дорад, ки истифодаи асарро бо ҳамин усул аз тарафи шахсони дигар манъ кунад (иҷозатномаи комил) (Қонуни ҶТ аз 2.01.2018 № 1488).
Ҳуқуқи манъи истифодаи асарро аз тарафи шахсони дигар муаллифи асар низ метавонад амали созад, агар шахсе, ки ба ў ҳуқуқҳои комил дода шудааст, ин ҳуқуқро ҳимоя накунад.
Шартномаи муаллифи роҷеъ ба таҳвили ҳуқуқи љайрикомил истифодаи асарро дар баробари соҳиби ҳуқуқҳои комил ба истифодабаранда ва (ё) шахсони дигар, ки бо ҳамин тарз дар бораи истифодаи асар иҷозат гирифтаанд, иҷозат медиҳад (иҷозатномаи љайрикомил).
Ҳуқуқе, ки аз рўи шартномаи муаллифи таҳвил дода мешавад, љайрикомил ба ҳисоб меравад, агар дар шартнома мустақиман чизи дигаре пешбини нашуда бошад.
Моддаи 26. Шартҳои шартномаи муаллифи
Шартномаи муаллифи бояд чунин шартҳоро пешбини намояд: тарзу усулҳои истифода аз асар (ҳуқуқҳои мушаххас, ки аз рўи ин шартнома таҳвил дода мешаванд); мўҳлат ва ҳудуде, ки ҳуқуқҳо таҳвил дода мешаванд; андозаи ҳаққи қалам ва ё тартиби муайян намудани андозаи ҳаққи қалам барои ҳар як тарзи истифода аз асар, тартиб ва мўҳлатҳои пардохти он.
Дар сурати дар шартномаи муаллифи зикр нашудани шартҳои мўҳлати таҳвили ҳуқуқ шартнома метавонад пас аз панҷ соли санаи ба имзо расиданаш аз тарафи муаллиф бекор карда шавад, агар истифодабаранда шаш моҳ пеш аз бекор карда шудани шартнома ба таври хатти огоҳ карда шуда бошад.
Дар сурати дар шартномаи муаллифи зикр нашудани шарти истифодаи он дар ҳудуди муайяне, ки ҳуқуқ таҳвил мегардад, амали ҳуқуқи аз рўи шартномаи таҳвилшаванда дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳдуд мегардад (Қонуни ҶТ аз 2.01.2018 № 1488).
Ҳамаи ҳуқуқҳои дигар ба истифодаи асар, ки таҳвили онҳо бевосита дар шартномаи муаллифи зикр нагардидааст, таҳвилдоданашуда ҳисоб мешавад.
Ҳуқуқҳои истифодаи асаре, ки то рўзи баста шудани шартнома номаълум аст, мавзўи шартномаи муаллифи шуда наметавонад (Қонуни ҶТ аз 2.01.2018 № 1488).
Ҳаққи қалам дар шартномаи муаллифи ба таври фоизи муайян аз даромади тарзи истифодаи асар ва ё агар амали сохтани он бо сабаби хислати асар ва ё хусусиятҳои истифодаи он имконнопазир бошад, ба таври маблаљи устувор ва ё бо ягон тарзи дигар, вале на камтар аз андозаи ҳадди ақали ҳаққи қалами муаллиф муқаррар карда мешавад.
Андозаи ҳадди ақалли ҳаққи қалами муаллиф аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар мегардад ва бо зиёдшавии музди меҳнати кормандони соҳаи фарҳанг индексатсия карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 31.12.2014 № 1172).
Агар дар шартномаи муаллифи роҷеъ ба табъу нашр ва ё тарзи дигари таҷдиди он ҳаққи қалам ба сурати маблаљи устувор муайян гардида бошад, пас дар шартнома бояд ҳадди аксари адади нашри нусхаҳои асар муқаррар карда шавад.
Ҳуқуқҳои тибқи шартномаи муаллифи таҳвилгардида метавонад ба шахсони дигар танҳо дар ҳолатҳо ва ҳаҷме таҳвил гардад, ки бевосита дар шартномаи муаллифи пешбини шудааст.
Тамоми ҳуқуқҳои истифодаи асар, ки бо шартномаи муаллифи таҳвил нагардидааст, ба муаллиф тааллуқ дорад.
Ҳуқуқҳои истифода аз асарҳое, ки муаллиф дар оянда меофарад, мавзўи шартномаи муаллифи шуда наметавонад.
Шартҳои шартномаи муаллифи, ки имконият ва ҳуқуқи муаллифро барои дар оянда дар мавзўъ ё соҳаи муайян офаридани асар маҳдуд мегардонанд, эътибор надоранд.
Шартҳои шартномаи муаллифие, ки бо муқаррароти ҳамин Қонун мухолифанд, эътибор надоранд.
Моддаи 27. Шакли шартномаи муаллифи
Шартномаи муаллифи бояд дар шакли хатти баста шавад. Шартномаи муаллифи барои истифодаи асар дар нашрияҳои даври метавонад дар шакли шифоҳи низ баста шавад.
Ҳангоми фурўш ва додани иҷозати истифодаи барномаҳо барои МЭҲ ба истифодабарандагони оммави, шартнома дар сурате ба таври хатти басташуда ҳисоб меёбад, ки агар шартҳои он (шартҳои истифодаи барнома барои МЭҲ) ба таври лозими дар нусхаҳои барнома барои МЭҲ ифода ёфта бошанд.
Моддаи 28. Шартномаи муаллифии фармоиш
Тибқи шартномаи муаллифии фармоиш муаллиф ўҳдадор мешавад, ки мутобиқи шартҳои шартнома асар офарад ва онро ба фармоишгар супорад.
Фармоишгар ўҳдадор аст, ки ба ҳисоби ҳаққи қалами муаллифии дар шартнома зикршуда ба муаллиф пешпардохт диҳад. Андоза, тартиб ва мўҳлати додани пешпардохт дар шартнома бо ризоияти тарафайн муқаррар карда мешавад.
Агар муаллиф асари фармоиширо тибқи шартҳои шартномаи фармоиши пешниҳод накунад, ў вазифадор аст, ки зарари воқеии ба фармоишгар расидаро ҷуброн намояд.
Моддаи 29. Масъулият аз рўи шартномаи муаллифи
Тарафе, ки ўҳдадориҳои худро аз рўи шартномаи муаллифи иҷро намекунад ва ё ба таври лозими иҷро намекунад вазифадор аст, ки зарари ба тарафи дигар расонидашуда, аз ҷумла, фоидаи аз дастрафтаро ҷуброн намояд.
БОБИ III. ҲУҚУҚҲОИ ВОБАСТА БА ОН
editМоддаи 30. Соҳаи амали ҳуқуқҳои вобаста ба он
Муқаррароти ҳамин Қонун роҷеъ ба ҳифзи ҳуқуқи иҷрогарон нисбат ба шахсони зерин мавриди истифода қарор мегиранд:
1) иҷрогароне, ки шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошанд;
2) иҷрогароне, ки шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон нестанд, вале иҷрои асарҳои онҳо:
а) бори аввал дар Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат гирифтааст;
б) дар фонограмма сабт шуда, тибқи ҳамин Қонун ҳифз мешавад;
в) дар фонограмма сабт нашудааст, вале ба барномаи ташкилоти пахши эфири ё кабели дохил шуда, мутобиқи ҳамин Қонун ҳифз мешавад.
Муқаррароти ҳамин Қонун доир ба ҳифзи ҳуқуқи таҳиягарони фонограммаҳо дар ҳолатҳои зерин мавриди истифода қарор мегиранд:
1) ба фонограммаҳое, ки таҳиягари онҳо шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон ё шахси ҳуқуқиест, ки дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳалли ҷойгиршавии расми дорад (Қонуни ҶТ аз 2.01.2018 № 1488);
2) ба фонограммаҳое, ки таҳиягари онҳо шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон намебошад вас шахси ҳуқуқиест, ки дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳалли ҷойгиршавии расми надорад вале бори аввал дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон нашр шудаанд ё дар муддати 30 рўзи баъди нашри аввалин дар кишвари дигар дар Ҷумҳурии Тоҷикистон нашр шудаанд (Қонуни ҶТ аз 2.01.2018 № 1488).
Муқаррароти ҳамин Қонун доир ба ҳифзи ҳуқуқи ташкилоти пахши эфири ё кабели нисбат ба барномаҳои ташкилоти пахши эфири ё кабели дар сурате мавриди истифода қарор мегиранд, ки дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳалли ҷойгиршавии расми доранд ва барномаҳои худро тавассути дастгоҳҳои садорасоние амали месозанд, ки дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистои ҷойгиранд (Қонуни ҶТ аз 2.01.2018 № 1488).
Муқаррароти ҳамин Қонун ҳамчунин ба иҷрогарон, фонограммаҳо ва барномаҳои ташкилоти пахши эфири ё кабели мавриди истифода қарор мегирад, ки ҳифзи онҳо дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи шартномаҳои байналмилалии аз тарафи Ҷумҳурии Тоҷикистон эътирофгардида анҷом дода мешавад (Қонуни ҶТ аз 2.01.2018 № 1488).
Ҳифзи объектҳои ҳуқуқҳои вобаста ба муаллифӣ дар ҳудуди Тоҷикистон мутобиқи шартномаҳои байналмилалии эътирофнамудаи Тоҷикистон нисбат ба объектҳои ҳуқуқҳои вобаста ба муаллифие амал мешавад, ки онҳо дар кишвари эҷод шудаашон ба моликияти ҷамъиятӣ дар натиҷаи ба итмом расидани мўҳлати амали ҳуқуқҳои вобаста ба муаллифӣ дар он кишвар ва дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар натиҷаи ба итмом расидани мўҳлати амали қаблан вогузорнамудаи ҳуқуқҳои вобаста ба муаллифӣ ба моликияти ҷамъиятӣ нагузашта бошанд. Дар ин сурат мўҳлати амали ҳуқуқҳои вобаста ба муаллифӣ дар ҳудуди Тоҷикистон аз мўҳлати амали муқарраргардидаи ҳуқуқҳои вобаста ба муаллифии кишваре, ки дар он объекти ҳуқуқҳои вобаста ба муаллифӣ офарида шудааст, зиёд буда наметавонад (Қонуни ҶТ аз 3.12.2009 № 573, аз 2.01.2018 № 1488).
Моддаи 31. Объектҳои ҳуқуқҳои вобаста ба он
Ҳуқуқҳои вобаста ба ҳамаи намоишҳо, иҷроҳо, фонограммаҳо, барномаҳои ташкилот пахши эфири ва кабели сарфи назар аз таъинот, мазмун ва қиматашон, ҳамчунин сарфи назар аз тарзу шаклҳои ифодаи онҳо татбиқ мешаванд.
Моддаи 32. Субъектҳои ҳуқуқҳои вобаста ба он
Субъектҳои ҳуқуқҳои вобаста ба он инҳоянд: иҷрогарон, таҳиягарони фонограмма ташкилоти пахши эфири ё кабели.
Таҳиягарони фонограмма ва ташкилоти пахши эфири ё кабели ҳуқуқҳои худро, ки дар ҳамин Қонун зикр гардидаанд, дар доираи ҳуқуқҳое, ки тибқи шартнома бо иҷрогар ва муаллифи асари дар фонограмма сабтгардида, ё бо васоили эфири ё кабели пахшшаванда соҳиб мешаванд татбиқ мекунанд.
Барои истифодаи асари саҳнави танҳо ризоияти режиссёри таҳиягар кофи набуд ризоияти иҷрогарони нақшҳо ва худи муаллифи асари иҷрошаванда низ зарур аст.
Иҷрогар ҳуқуқи дар ҳамин Қонун зикргардидаро дар мавриде амали месозад, ки ҳуқуқи муаллифи асари иҷрошавандаро риоя намояд.
Иҷрогар, истеҳсолкунандаи фонограмма, ташкилоти пахши эфири ё кабели барои гирифтани шаҳодатнома дар бораи бақайдгирии ҳуқуқҳои вобаста ба он метавонанд ҳар вақт дар давоми мчҳлати ҳифзи ҳуқуқҳои вобаста ба он бақайдгирии асарро, бо тартиби муқаррарнамудаи мақоми ваколатдор амали намоянд (Қонуни ҶТ аз 1.08.2003 № 27).
Моддаи 33. Аломати ҳифзи ҳуқуқҳои вобаста ба он
Барои ба вуҷуд омадан ва амали сохтани ҳуқуқҳои вобаста ба он риояи ягон расмиятгарои талаб карда намешавад. Истеҳсолкунандаи фонограмма ва ё иҷрогар барои огоҳ сохтан аз ҳуқуқи худ метавонад аз аломати ҳифзи ҳуқуқҳои вобаста ба он истифода кунад, ки он дар ҳар як нусхаи фонограмма ва ё дар ҳар љилофи фонограммадор сабт ёфта, аз се унсур иборат мебошад.
1) ҳарфи лотинии “Р”, ки дар дохили доира аст: (Р);
2) ном (унвон)-и соҳиби ҳуқуқҳои комили вобастаи ба он;
3) соли аввали нашри фонограмма.
Моддаи 34. Ҳуқуқҳои иҷрогар
Гайр аз ҳолатҳои бо ҳамин Қонун пешбинишуда ба иҷрогар дар мавриди иҷро ё намоиш чунин ҳуқуқҳои комил тааллуқ дорад:
1) ҳуқуқи ном;
2) ҳуқуқи ҳифзи иҷро ё намоиш аз ҳар гуна таҳрифкори ё дахолати дигар, ки метавонад ба шаъну эътибори иҷрогар зарар расонад;
3) ҳуқуқи истифода аз иҷро ё намоиш дар ҳама тарзу шакл, аз ҷумла ҳуқуқи гирифтани ҳаққи қалам барои ҳар як тарзи истифода аз иҷро ё намоиш.
Ҳуқуқи комили истифодаи иҷро ё намоиш маънои анҷом додан ва ё иҷозати ба анҷом додани амалҳои зеринро дорад:
1) ба эфир додан ё тавассути васоили кабели ба омма дастрас кардани иҷро ё намоиш, ба шарте ки он қаблан тавассути васоили мазкур иҷро нашуда бошад ё ба воситаи сабт амали нашавад;
2) сабт кардани иҷро ё намоиши пештар сабтнашуда;
3) таҷдиди сабти иҷро ё намоиш;
4) ба эфир додан ва ё ба воситаи кабел шунавонидану намоиш додани сабти иҷро ё намоиш, агар ин сабт сараввал бо мақсадҳои тиҷорати амали нашуда бошад;
5) ба кироя додани фонограммаҳои бо мақсади тиҷорати нашршуда, аз ҷумла иҷро ё намоише, ки бо иштироки худи иҷрогар сурат мегиранд. Ҳангоми бастани шартномаи сабти иҷро ё намоиш ба фонограмма ин ҳуқуқ ба истеҳсолкунандаи фонограмма гузашта, дар айни замон иҷрогар ҳуқуқи ҳаққи қаламро барои ба кироя додани нусхаҳои чунин фонограмма нигоҳ медорад.
6) тавассути фурўш ё тарзи дигари таҳвили ҳуқуқи моликият паҳн кардани нусхаи асл ё нусхаи иҷрое, ки дар фонограмма сабт шудааст. Агар нусхаи асл ё нусхаҳои қонунан нашршудаи фонограмма тавассути фурўш ё тарзи дигари таҳвили ҳуқуқи моликият ба муомилоти граждани бароварда шуда бошанд, паҳнкунии ояндаи онҳо бе иҷозати иҷрогар ва бе пардохти ҳаққи қалам мумкин аст (Қонуни ҶТ аз 3.03.2006 № 162).
7) барои истифодаи интерактиви ба маълумоти умум расонидани иҷро ё намоише, ки дар фонограмма сабт шудааст (Қонуни ҶТ аз 3.03.2006 № 162).
8) ҷой додани иҷрои сабтшуда дар фазои рақами ба тарзе, ки он дар реҷаи вақти воқеи ба ҳар як истифодабаранда мутобиқи интихоби ў дастрас шавад (Қонуни ҶТ аз 3.03.2006 № 162).
Ҳуқуқи комили иҷрогар, ки дар банда 3 қисми дуюми ҳамин модда пешбини гардидааст, дар ҳолатҳои зерин татбиқ намегардад:
1) агар сабти аввалини иҷро ё намоиш бо ризоияти иҷрогар амали шуда бошад;
2) агар таҷдиди иҷро ё намоиш бо ҳамон мақсадҳое амали гардад, ки барои онҳо ҳангоми сабти иҷро ё намоиш иҷрогар ризоият дода бошад;
3) агар таҷдиди иҷро ё намоиш бо ҳамон мақсадҳое амали гардад, ки барои онҳо сабт тибқи муқаррароти моддаи 41 ҳамин Қонун анҷом дода шудааст.
Иҷозатҳои дар ҳамин модда зикргардидаро аз тарафи иҷрогар ва ҳангоми иҷро аз ҷониби иҷрогарон – аз тарафи роҳбари чунин даста бо роҳи бастани шартномаи хатти бо истифодабаранда дода мешавад.
Барои истифодаи минбаъдаи иҷро ё намоиш, ҳамчунин дар мавриди анҷом додани сабт аз тарафи ташкилоти пахши эфири ё кабели гирифтани иҷозатҳои дар бандҳои 1-3 қисми дуюми ҳамин модда зикргардида лозим нест, ба шарте ки онҳо мустақиман тибқи шартномаи иҷрогар бо ташкилоти пахши эфири ё кабели дар назар дошта шуда бошанд. Андозаи ҳаққи қалами иҷрогар барои чунин тарзи истифода низ дар ҳамин шартнома муқаррар карда мешавад.
Бастани шартнома байни иҷрогар ва таҳиягари асари аудиовизуали доир ба офаридани асари аудиовизуали боиси аз тарафи иҷрогар вогузор гардидани ҳуқуқҳое мешавад, ки дар бандҳои 1 – 4 қисми дуюми ҳамин модда муқаррар гардидаанд.
Додани чунин ҳуқуқҳо аз тарафи иҷрогар бо истифодаи асари аудиовизуали маҳдуд мегардад ва агар дар шартнома чизи дигаре пешбини нашуда бошад, ҳуқуқи ба таври алоҳида истифода намудани овоз ё тасвири дар асари аудиовизуали сабтгардидаро намедиҳад.
Ҳуқуқҳои комили иҷрогар, ки дар ҳамин модда пешбини гардидаанд, тибқи шартнома метавонанд ба шахсони дигар таҳвил дода шаванд.
Моддаи 35. Ҳуқуқи истеҳсолкунандаи фонограммаҳо
Ба љайр аз ҳолатҳои дар ҳамин Қонун пешбинигардида ба истеҳсолкунандаи фонограммаҳо дар мавриди фонограммаи ў ҳуқуқҳои комил барои истифодаи фонограмма дар ҳама гуна шакл, аз ҷумла, ҳуқуқи гирифтани ҳаққи қалам барои ҳар як навъи истифодаи фонограмма тааллуқ дорад.
Ҳуқуқи комил барои истифодаи фонограмма маънои анҷом додан ё иҷозати анҷом додани амалҳои зеринро дорад:
1) таҷдиди фонограмма;
2) бо ҳар гуна тарзу усул таљйир додан ва дигаргун сохтани фонограмма;
3) паҳн кардани нусхаҳои фонограмма, яъне фурўхтан, ба кироя додан ва љ.;
4) бо мақсади паҳнкуни ворид кардани нусхаҳои фонограмма, ҳамчунин нусхаҳое, ки бо иҷозати истеҳсолкунандаи ин фонограмма тайёр карда шудаанд.
5) расонидани фонограмма ба маълумоти умум барои истифодаи интерактиви (Қонуни ҶТ аз 3.03.2006 № 162);
6) ҷой додани фонограммаҳо дар фазои рақами ба тарзе, ки он дар реҷаи вақти воқеи ба ҳар як истифодабаранда мутобиқи интихоби ў дастрас шавад (Қонуни ҶТ аз 3.03.2006 № 162);
Агар нусхаҳои қонунан нашршудаи фонограмма тавассути фурўш ба муомилот бароварда шуда бошад, паҳнкунии минбаъдаи он бе иҷозати истеҳсолкунандаи фонограмма ва бе пардохти ҳаққи қалам мумкин аст. Дар ин маврид, сарфи назар аз ҳуқуқи моликият ба нусхаҳои фонограмма, истеҳсолкунандаи фонограмма ҳуқуқи паҳнкунии нусхаҳои фонограммаро бо роҳи ба кироя додани онҳо нигоҳ медорад.
Ҳуқуқи комили истеҳсолкунандаи фонограммае, ки дар ҳамин модда муқаррар гардидааст, метавонад тавассути шартнома ба шахсони дигар таҳвил дода шавад.
Моддаи 36. Ҳуқуқҳои ташкилоти пахши эфири
Ба љайр аз ҳолатҳои дар ҳамин Қонун пешбинишуда ташкилоти пахши эфири дорои ҳуқуқҳои комили истифодаи барномаи худ дар ҳар гуна шакл ва додани иҷозат ба истифодаи барнома, ҳамчунин ҳуқуқи гирифтани ҳаққи қалам барои додани чунин иҷозат мебошад.
Ҳуқуқи комили додани иҷозат ба истифодаи барнома маънои иҷозати анҷом додани амалҳои зеринро дорад:
1) дар як вақт аз тарафи ташкилоти дигари пахши эфири ба эфир додани барномаҳои он (Қонуни ҶТ аз 2.01.2018 № 1488);
2) ба омма дастрас кардани барнома ба воситаи кабел;
3) сабти барнома;
4) таҷдиди сабти барнома;
5) ба омма дастрас кардани барнома дар ҷойҳое, ки даромад пулаки аст. Ҳуқуқи комили ташкилоти пахши эфири, ки дар банда 4 қисми дуюми ҳамин модда пешбини шудааст, дар ҳолатҳои зерин татбиқ намегардад:
– агар сабти барнома бо ризоияти ташкилоти пахши эфири сурат гирифта бошад;
– агар таҷдиди барнома бо ҳамон мақсадҳое амали шуда бошад, ки бо ҳамон мақсадҳо сабти он тибқи муқаррароти моддаи 41 ҳамин Қонун сурат гирифтааст.
6) тавассути фурўш, ба кироя додан ё ба тарзи дигари таҳвили ҳуқуқи моликият дар байни омма паҳн кардани сабти барнома ё нусхаҳои сабти барнома. Ин ҳуқуқҳо ба истиснои ҳуқуқи ба кироя додан нисбати сабти барнома ё нусхаи сабти барнома, ки бо иҷозати ташкилоти пахши эфири тавассути фурўш ё тарзи дигари таҳвили ҳуқуқи моликият ба муомилоти граждани бароварда шудаанд, қатъ мегарданд. Ҳуқуқи ба кироя додан сарфи назар аз ҳуқуқи моликият ба сабти барнома ё нусхаи он, ба ташкилоти пахши эфири боқи мемонад (Қонуни ҶТ аз 3.03.2006 № 162).
Моддаи 37. Ҳуқуқҳои ташкилоти пахши кабели
Ба љайр аз ҳолатҳои дар ҳамин Қонун пешбинишуда ташкилоти пахши кабели дар мавриди барномаҳои худ дорои ҳуқуқҳои комили истифодаи барноми худ дар ҳар гуна шакл ва додани иҷозат ба истифодаи барнома, ҳамчунин ҳуқуқи гирифтани ҳаққи қалам барои додани чунин иҷозат мебошад.
Ҳуқуқи комили додани иҷозат ба истифодаи барнома маънои ҳуқуқи ташкилоти пахши кабелиро ба иҷозати анҷом додани амалҳои зерин дорад:
1) дар як вақт аз тарафи ташкилоти дигари пахши кабели ба воситаи кабел ба омма дастрас кардани барномаҳои худ;
2) ба эфир додани барнома;
3) сабти барнома;
4) таҷдиди сабти барнома;
5) ба омма дастрас кардани барнома дар ҷойҳое, ки даромад пулаки аст. Ҳуқуқи комили ташкилоти пахши кабели, ки дар банди 4 қисми дуюми ҳамин модда зикр шудааст, дар ҳолатҳои зерин татбиқ намегардад:
– агар сабти барнома бо ризоияти ташкилоти пахши кабели сурат гирифта бошад;
– агар таҷдиди барнома бо мақсадҳое амали шуда бошад, ки бо ҳамон мақсад сабти он тибқи муқаррароти моддаи 41 ҳамин Қонун сурат гирифтааст.
6) тавассути фурўш, ба кироя додан ё ба тарзи дигари таҳвили ҳуқуқи моликият дар байни омма паҳн кардани сабти барнома ё нусхаҳои сабти барнома. Ин ҳуқуқҳо ба истиснои ҳуқуқи ба кироя додан нисбати сабти барнома ё нусхаи сабти барнома, ки бо иҷозати ташкилоти пахши кабели тавассути фурўш ё тарзи дигари таҳвили ҳуқуқи моликият ба муомилоти граждани бароварда шудаанд, қатъ мегарданд. Ҳуқуқи ба кироя додан сарфи назар аз ҳуқуқи моликият ба сабти барнома ё нусхаҳои он, ба ташкилоти пахши кабели боқи мемонад (Қонуни ҶТ аз 3.03.2006 № 162).
Моддаи 38. Истифодаи асарҳо ва объектҳои ҳуқуқи вобаста ба он аз тарафи шахсони дигар
Истифодаи асарҳо ва объектҳои ҳуқуқи вобаста ба он аз тарафи шахсони дигар танҳо бо иҷозати соҳиби ҳуқуқи комил ба асар ва бо пардохти ҳаққи қалам, љайр аз ҳолатҳои дар моддаҳои 19-21,24,39-41 ҳамин Қонун пешбинигардида, иҷозат дода мешавад.
Моддаи 39. Таҷдиди асарҳо ва фонограммаҳо бо мақсадҳои шахси
Ҳамчун истисно аз моддаҳои 34 ва 35 ҳамин Қонун бе ризоияти муаллиф ё дигар соҳиби ҳуқуқи муаллиф, иҷрогар ва истеҳсолкунандаи фонограмма, вале бо пардохти ҳаққи қалами онҳо таҷдиди асари аудиовизуали ё фонограмма танҳо ба мақсадҳои шахси иҷозат дода мешавад.
Ҳаққи қалам барои таҷдиди асари дар ҳамин модда зикршуда аз тарафи истеҳсолкунандагон ва воридкунандагони таҷҳизот (аудиовидеомагнитофонҳо ва љ.) ва шаклҳои модди (наворҳои сабти овози ё видеои, кассетаҳои овози ва видеои, дискҳои лазери, компакт-дискҳо ва љ.), ки барои чунин таҷдид истифода мешаванд, пардохта мешавад.
Ҷамъовари ва тақсими чунин ҳаққи қалам аз тарафи яке аз ташкилотҳои идораи дастаҷамъии ҳуқуқҳои молумулкии муаллифон, истеҳсолкунандагони фонограммаҳо ва иҷрогарон тибқи созишномаи байни ин ташкилотҳо мувофиқи моддаи 43 ҳамин Қонун анҷом дода мешавад (Қонуни ҶТ аз 2.01.2018 № 1488).
Агар дар ин созишнома чизи дигаре пешбини нашуда бошад ҳаққи қалами зикршуда ба андозаи зерин тақсим мешавад: 40% – ба муаллифон, 30% – ба иҷрогарон, 30% – ба истеҳсолкунандагони фонограммаҳо.
Андозаи ҳаққи қалам ва шартҳои пардохти он бо созишномаи байни истеҳсолкунандагон ва воридкунандагон, аз як тараф ва ташкилоти идораи дастаҷамъии ҳуқуқи молумулкии муаллифон, истеҳсолкунандагони фонограммаҳо ва иҷрогарон, аз тарафи дигар, муайян карда мешаванд, агар тарафҳо ба мувофиқа наоянд, – он аз тарафи мақоми ваколатдор муайян карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 2.01.2018 № 1488).
Барои таҷҳизот ва василаҳои модди дар ин модда зикршуда, ки предмети содирот маҳсуб мешаванд ва ҳамчунин ба таҷҳизоти касабави, ки барои истифода дар шароити хона таъин нашудаанд, ҳаққи қалам пардохта намешавад.
Моддаи 40. Истифодаи фонограммае, ки ба мақсадҳои тиҷорати нашр шудааст, бе ризоияти истеҳсолкунандаи фонограмма ва иҷрогар
Ҳамчун истиснои ҳолатҳои моддаҳои 34 ва 35 ҳамин Қонун бе ризоияти истеҳсолкунандаи фонограммае, ки ба мақсадҳои тиҷорати нашр шудааст ва иҷрогаре, ки иҷрои ў дар чунин фонограмма сабт шудааст, аммо бо пардохти ҳаққи қалами онҳо амали сохтани корҳои зерин мумкин аст:
1) иҷрои оммавии фонограмма;
2) ба эфир додани фонограмма;
3) ба воситаи кабел ба омма дастрас кардани фонограмма.
Ҷамъовари, тақсим ва пардохти ҳаққи қаламе, ки дар ҳамин модда пешбини гардидааст аз тарафи яке аз ташкилотҳое, ки ҳуқуқи молумулкии истеҳсолкунандагони фонограмма иҷрогаронро дастҷамъона идора мекунад, мувофиқи моддаи 43 ҳамин Қонун, тибқи созишном байни ин ташкилотҳо сурат мегиранд. Агар дар созишнома тарзи дигари тақсими ҳаққи қалам пешбини нашуда бошад, ҳаққи қалами мазкур байни истеҳсолкунандаи фонограмма ва иҷрогар баробар тақсим мешавад (Қонуни ҶТ аз 2.01.2018 № 1488).
Андозаи ҳаққи қалам ва шартҳои пардохти он тибқи созишномаи истифобадаранд фонограмма ё иттиҳодияҳо (ассотсиатсияҳо)-и чунин истифодабарандагон аз як тараф ташкилотҳое, ки ҳуқуқи молумулкии истеҳсолкунандагони фонограммаҳо ва иҷрогаронро идора мекунанд, аз тарафи дигар ва дар ҳолати ба мувофиқа наомадани тарафайн – аз тарафи мақоми ваколатдор муайян карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 2.01.2018 № 1488).
Андозаи ҳаққи қалам барои ҳар як намуди истифодаи фонограмма муайян карда мешавад.
Истифодабарандагони фонограммаҳо бояд ба ташкилотҳои дар ҳамин модда зикршуда барномаҳои маълумоти дақиқдошта ва ҳуҷҷатҳои заруриро барои ҷамъовари ва тақсими ҳаққи қалам пешниҳод намоянд.
Моддаи 41. Маҳдудиятҳои ҳуқуқи иҷрогар, истеҳсолкунандаи фонограмма, ташкилоти пахши эфири ва кабели
Ҳамчун истиснои муқаррароти моддаҳои 34-37 ва 40 ҳамин Қонун истифодаи иҷро, барномаҳои эфири ва кабели, сабти онҳо, ҳамчунин таҷдиди фонограмма бе ризоияти иҷрогар истеҳсолкунандаи фонограмма, ташкилотҳои пахши эфири ва кабели ва бе пардохти ҳаққи қалам дар ҳолатҳои зерин мумкин аст:
1) барои ба хулосаҳои ҳодисаҳои ҷори дохил кардани порчаҳои хурди иҷро, фонограмм барномаҳои эфири ва кабели;
2) сирф ба мақсадҳои таълим ё таҳқиқоти илми;
3) барои иқтибос дар шакли порчаҳои хурд аз иҷро, фонограммаҳо, барномаҳои эфири ё кабели, ба шарте ки чунин тарзи иқтибос бо мақсадҳои иттилооти амали гардад. Дар ин маврид ҳама гуна истифодаи нусхаҳои фонограмма, ки ба мақсадҳои тиҷорати нашр шудааст, барои эфир ё кабел додан, аз тарафи ташкилоти пахши эфири ё кабели танҳо бо риояи муқаррароти моддаи 40 ҳамин Қонун мумкин аст;
4) дар ҳолатҳои дигар, ки бо муқаррароти моддаҳои 19-21 ҳамин Қонун нисбати маҳдудиятҳои ҳуқуқи молумулкии муаллифи асарҳои илм, адабиёт ва санъат муқаррар шудаанд (Қонуни ҶТ аз 2.01.2018 № 1488).
Ҳамчун истиснои муқаррароти моддаҳои 34-37 ва 40 ҳамин Қонун истифодаи барномаҳои эфири ё кабели, сабти онҳо, ҳамчунин таҷдиди фонограмма бе ризоияти иҷрогар истеҳсолкунандаи фонограммаҳо, ташкилоти пахши эфири ё кабели ба мақсадҳои шахси мумкин аст. Дар ин маврид таҷдиди фонограмма ба шарти пардохти ҳаққи қалам мутобиқи моддаи 3 ҳамин Қонун мумкин аст.
Нисбати гирифтани иҷозати иҷрогар, истеҳсолкунандаи фонограмма ва ташкили пахши эфири барои амали сохтани сабтҳои истифодаи кўтоҳмуддати иҷро ё барнома, баро таҷдиди чунин сабтҳо ва фонограммае, ки бо мақсадҳои тиҷорати нашр гардидааст, муқаррароти моддаи 34-37 ҳамин Қонун истифода намешаванд, ба шарте ки сабти истифода ва таҷдиди кўтоҳмуддат аз тарафи ташкилотҳои пахши эфири бо кўмаки таҷҳизоти худи он ва барои барномаҳои хусусии он бо дарназардошти шартҳои зерин анҷом дода шавад (Қонуни ҶТ аз 2.01.2018 № 1488):
1) аз тарафи ташкилоти пахши эфири гирифтани иҷозати пешаки барои ба эфир додани худи ҳамон иҷро ё барномае, ки нисбати онҳо сабти истифодаи кўтоҳмуддат ё таҷдиди чунин сабт сурат мегирад;
2) аз тарафи ташкилоти пахши эфири нобуд сохтани сабт дар тўли муддате, ки мутобиқи муқаррароти банди 4 моддаи 21 ҳамин Қонун, ки барои истифодаи сабти кўтоҳмуддати асарҳои адабиёт, илм ва санъат муқаррар гардидааст, ба истиснои нусхаи ягона, ки метавонад дар асоси хислати сирф ҳуҷҷати доштанаш дар бойгониҳои расми маҳфуз бошад.
Маҳдудиятҳои дар ҳамин модда пешбинигардида бе халалдор сохтани истифодаи мўътадили фонограмма, иҷро, барномаҳои эфири ё кабели ва сабтҳои онҳо, ҳамчунин асарҳои адабиёт, илм ва санъат, ки ба онҳо дохиланд ва бе поймол намудани манфиатҳои қонунии иҷрогар, истеҳсолкунандаи фонограмма, ташкилоти пахши эфири ё кабели ва муаллифони асарҳои номбаршуда татбиқ мегарданд.
Моддаи 42. Мўҳлати амали ҳуқуқҳои вобаста ба он
Ҳуқуқи иҷрогар, ки дар ҳамин Қонун пешбини гардидааст, дар муддати панҷоҳ соли пас аз иҷрои аввалини он амал мекунад.
Ҳуқуқи иҷрогар ба ном ва ҳифзи иҷро аз ҳар гуна таҳриф ва ё дахолати дигар, ки дар моддаи 34 ҳамин Қонун муқаррар карда шудааст, бе маҳдудияти мўҳлат ҳифз мешавад, вале ҳамчун мерос ба шахси дигар намегузарад.
Ҳуқуқҳое, ки дар ҳамин Қонун дар бобати истеҳсолкунандаи фонограмма муқаррар шудааст, дар муддати панҷоҳ соли баъди интишори аввали фонограмма ва ё дар муддати панҷоҳ соли баъди сабти аввали он, агар то ин муддат фонограмма интишор нашуда бошад, амал мекунад.
Ҳуқуқҳое, ки дар ҳамин Қонун дар бобати ташкилоти пахши эфири муқаррар гардидааст, дар муддати панҷоҳ соли баъди ба эфир додани барномаи аввалин аз тарафи ин ташкилот амал мекунад.
Ҳуқуқҳое, ки дар ҳамин Қонун дар бобати ташкилоти пахши кабели муқаррар гардидааст, дар муддати панҷоҳ соли баъди амали гардидани барномаи аввалини кабели аз тарафи ин ташкилот амал мекунад.
Ҳисоби мўҳлатҳое, ки дар ҳамин модда пешбини шудаанд, аз 1 январи соли ояндаи ба вуқўъ омадани факти ҳуқуқие, ки барои ољози мўҳлат асос мегардад, шурўъ мешавад.
Ба меросхўрон (дар бобати шахсони ҳуқуқи – ба ворисони ҳуқуқи)-и иҷрогар, истеҳсолкунандаи фонограмма, ташкилоти пахши эфири ё кабели ҳуқуқи додани иҷозати истифодаи иҷро, намоиш, фонограмма, барномаҳои эфири ё кабели ва гирифтани ҳаққи қалам дар ҳудуди мўҳлати боқимондае, ки дар ҳамин модда зикр ёфтааст, дода мешавад.
БОБИ IV. ИДОРАИ ДАСТҶАМЪИИ ҲУҚУҚҲОИ МОЛУМУЛКӢ
editМоддаи 43. Ҳадафҳои асосии идораи дастҷамъии ҳуқуқҳои молумумулкӣ
Бо мақсади таъмини ҳуқуқи молумулкии муаллифон, иҷрогарон, истеҳсолкунандагони фонограмма ва дигар соҳибони ҳуқуқҳои муаллифи ва вобаста ба он дар ҳолатҳое, ки ба таври инфироди амали сохтани он мушкил мегардад, метавонанд ташкилотҳое таъсис ёбанд, ки ҳуқуқҳои молумулкии шахсони мазкурро дар асоси дастҷамъи идора менамоянд (минбаъд -ташкилоти идораи дастҷамъи) (Қонуни ҶТ аз 2.01.2018 № 1488).
Чунин ташкилотҳо дар шакли ташкилотҳои ҷамъиятии љайритиҷорати таъсис меёбанд ва дар доираи салоҳиятҳое, ки аз соҳибони ҳуқуқҳои муаллифи ва вобаста ба он гирифтаанд, амал мекунанд.
Таъсиси ташкилотҳои алоҳида аз рўи ҳуқуқҳои алоҳида ва категорияҳои алоҳидаи соҳибони ҳуқуқ ё ташкилотҳое, ки ҳуқуқи гуногунро ба манфиати категорияҳои гуногуни соҳибони ҳуқуқ идора мекунанд ё як ташкилоте, ки ҳуқуқҳои муаллифи ва вобаста ба онро дар як вақт идора мекунад, мумкин аст (Қонуни ҶТ аз 2.01.2018 № 1488).
Ташкилотҳои идораи дастҷамъии ҳуқуқҳои молумулкии муаллифон бояд ба талаботи зерин мутобиқ бошанд (Қонуни ҶТ аз 3.12.2009 № 573):
– номи ташкилот бояд ибораи “ташкилоти идораи дастҷамъии ҳуқуқҳои молумулкии муаллифон”-ро дар бар гирад;
– пешбурди кори ташкилоти идораи дастҷамъии ҳуқуқҳои молумулкии муаллифон бояд ҳамчун шакли асосии фаъолият зикр карда шавад;
– мақсад ва вазифаҳои ташкилоти идораи дастҷамъии ҳуқуқҳои молумулкии муаллифон бояд ба талаботи моддаҳои 43 – 46 Қонуни мазкур мутобиқ бошанд (Қонуни ҶТ аз 3.12.2009 № 573).
Моддаи 44. Ваколатҳои ташкилоти идораи дастҷамъи
Ваколатҳо ба ташкилоти идораи дастҷамъи мустақилона аз тарафи соҳибони ҳуқуқи муаллиф ва вобаста ба он дар асоси шартномаҳои хатти ба тариқи ихтиёри, ҳамчунин аз рўи шартномаҳои дахлдор бо ташкилотҳои хориҷие, ки чунин ҳуқуқҳоро идора мекунанд, дода мешаванд. Чунин шартномаҳо шартномаҳои муаллифи намебошанд ва муқаррароти моддаҳои 25-29 ҳамин Қонун ба онҳо тааллуқ надоранд.
Ҳар як муаллиф, вориси ў ё шахси дигари соҳиби ҳуқуқи муаллиф ва вобаста ба он, ки тибқи ҳамин Қонун ҳифз мешавад, ҳуқуқ дорад аз рўи шартнома амали сохтани ҳуқуқи молумулкии худро ба ташкилоти идораи дастҷамъи, ки вазифадор аст амали сохтани ин ҳуқуқро ба ўҳда гирад, вогузор намояд, ба шарте ки он ба фаъолияти оинномавии ташкилот мансуб бошад (Қонуни ҶТ аз 2.01.2018 № 1488).
Ташкилотҳои мазкур ҳуқуқ надоранд, ки аз асарҳо за объектҳои ҳуқуқи вобаста ба он, ки барои идораи дастҷамъи гирифтаанд, истифода кунанд.
Ташкилоти идораи дастҷамъи ба истифодабарандагон барои тарзҳои дахлдори истифодаи асарҳо ва объектҳои ҳуқуқи вобаста ба он иҷозатнома медиҳад. Шартҳои чунин иҷозатномаҳо барои ҳамаи истифодабарандагони ҳар як гурўҳи муайян бояд якхела бошад. Дар сурати мавҷуд набудани асоси кофи аз додани иҷозатнома ба истифодабаранда сарфи назар кардан мумкин нест.
Чунин иҷозатномаҳо истифодаи ҳамаи асарҳо ва объектҳои ҳуқуқҳои вобаста ба онро аз рўи тарзҳои дар онҳо зикршуда иҷозат медиҳанд ва аз номи ҳамаи соҳибони ҳуқуқҳои муаллифи ва вобаста, аз ҷумла онҳое, ки мутобиқи ин модда ба ташкилот салоҳият надодаанд, дода мешаванд.
Ҳамаи даъвоҳои имконпазири молумулкии соҳибони ҳуқуқҳои муаллифи ва вобаста ба он ба истифодабарандагон, ки ба истифодаи асарҳо ва объектҳои ҳуқуқҳои вобаста ба онҳо аз рўи иҷозатнома марбут аст, бояд аз тарафи ташкилоти идораи дастҷамъи, ки чунин иҷозатномаҳоро медиҳад, танзим карда шаванд.
Ташкилоти идораи дастҷамъи ҳуқуқ дорад, ки ҳаққи қалами талабкарданашударо нигоҳ дорад ва онро пас аз се соли ба ҳисоби ташкилот ворид шуданаш ба маблаљҳои тақсимшаванда ё ба мақсадҳои дигар, ба манфиати соҳибони ҳуқуқҳои муаллифи ва вобастаи ба он истифода барад (Қонуни ҶТ аз 2.01.2018 № 1488).
Моддаи 45. Вазифаҳои ташкилоти идораи дастҷамъи
Ташкилоти идораи дастаҷамъи дар асоси салоҳият ва аз номи соҳибони ҳуқуқҳои муаллифи ва вобаста ба он худ бояд вазифаҳои зеринро иҷро намояд (Қонуни ҶТ аз 2.01.2018 № 1488):
1) андозаи ҳаққи қалам ва дигар шартҳои додани иҷозатномаро бо истифодабарандагон мувофиқа намояд;
2) ба истифодабарандагон барои истифода аз ҳуқуқе, ки идора карда мешавад, иҷозатнома диҳад;
3) бо истифодабарандагон андозаи ҳаққи қаламро дар ҳолатҳое, ки ин ташкилот ба ҷамъоварии чунин ҳаққи қалам бе додани иҷозатнома машљул мешавад, мувофиқа намояд (қисми 3 моддаи 39, қисмҳои 2 ва 3 моддаи 40 ҳамин Қонун);
4) ҳаққи қаламро тибқи иҷозатнома ва (ё) ҳаққи қаламеро, ки дар банди 3 ҳамин модда пешбини шудааст, ҷамъовари намояд;
5) ба соҳибони ҳуқуқҳои муаллифи ва вобаста ба он тақсим ва пардохти ҳаққи қаламро, ки тибқи банди 4 ҳамин модда ҷамъ оварда шудааст, амали созад;
6) ҳама гуна амалиёти зарурии ҳуқуқиро барои ҳифзи ҳуқуқе, ки онҳоро идора мекунад, амали созад;
7) фаъолияти дигарро тибқи салоҳиятҳое, ки соҳибони ҳуқуқҳои муаллифи ва вобаста ба он вогузор намудаанд, анҷом диҳад.
Моддаи 46. Ўҳдадориҳои ташкилоти идораи дастҷамъи
Фаъолияти ташкилоти идораи дастҷамъи ба манфиати соҳибони ҳуқуқҳои муаллифи ва вобаста ба он анҷом дода мешавад. Бо ин мақсадҳо ташкилоти идораи дастҷамъи бояд ўҳдадориҳои зеринро иҷро намояд:
1) ҳамзамон бо пардохти ҳаққи қалам ба соҳибони ҳуқуқҳои муаллифи ва вобаста ба он пешкаш намудани ҳисобот роҷеъ ба истифодаи ҳуқуқи онҳо;
2) истифодаи ҳаққи қалами тибқи муқаррароти банди 4 моддаи 45 ҳамин Қонун ҷамъоваришуда, фақат барои тақсим ва пардохт ба соҳибони ҳуқуқҳои муаллифи ва вобаста ба он. Аз ҳаққи қалами ҷамъоваришуда ташкилот метавонад маблаљи муайянро барои пўшонидани хароҷоти воқеии худ барои ҷамъовари, тақсим ва пардохти чунин ҳаққи қалам ҷудо намояд, ҳамчунин маблаљи муайянро ба хазинаҳои махсус, ки аз тарафи ин ташкилот бо ризоият ва ба манфиати соҳибони ҳуқуқҳои муаллифи ва вобаста ба он таъсис дода мешаванд, гузаронад;
3) маблаљҳои ҳаққи қалами ҷамъоваришударо, ки пас аз нигоҳ доштани маблаљи дар банда 2 ҳамин модда зикршуда боқи мемонанд, тақсим намуда, мунтазам пардозад.
Соҳибони ҳуқуқҳои муаллифи ва вобаста ба он, ки ба ташкилот салоҳияти ҷамъовари намудани ҳаққи қалами дар банди 4 моддаи 45 ҳамин Қонун муқарраршударо надодаанд, ҳуқуқ доранд, ки аз ин ташкилот пардохтани ҳаққи қалами ба онҳо тааллуқдоштаро тибқи тақсимоти ба амаломада талаб намоянд ва ҳамчунин асарҳои худ ва объектҳои ҳуқуқи вобаста ба онро аз иҷозатномаҳое, ки ин ташкилот ба истифодабарандагон медиҳад, хориҷ созанд (Қонуни ҶТ аз 2.01.2018 № 1488).
БОБИ V. ҲИФЗИ ҲУҚУҚҲ ОИ МУАЛЛИФИ ВА ВОБАСТА БА ОН
editМоддаи 47. Вайрои кардани ҳуқуқҳои муаллифи ва ҳуқуқҳои вобаста ба он. Нусхаҳои љайриқонунии асарҳо ва фонограммаҳо
Вайрон кардани ҳуқуқи муаллиф ва ҳуқуқҳои вобаста ба он инҳо мебошанд:
1) бе иҷозати соҳибҳуқуқ таҷдид, паҳн кардан ва тарзи дигари истифодаи объектҳои ҳуқуқи муаллиф ва ҳуқуқҳои вобаста ба он;
2) паҳн, тайёр, ворид намудан бо мақсади паҳн кардани таҷҳизот ё пешкаш кардани хизмат, ки барои сарфи назар кардан ё ба сарфи назар намудани ҳар як воситаҳои техникии ҳифзи ҳуқуқи муаллиф ва ҳуқуқҳои вобаста ба он пешбини гардидааст, имкон медиҳад ё мусоидат мекунад;
3) бе иҷозати соҳибҳуқуқ барҳам ё таљйир додани ҳар гуна иттилоъ дар бораи идоракунии ҳуқуқҳо (Қонуни ҶТ аз 3.03.2006 № 162).
Нусхаҳои асар ва фонограммае, ки таҳия ва паҳн намудани онҳо боиси вайрон кардани ҳуқуқҳои муаллифи ва вобаста ба он мешавад, нусхаҳои љайриқонуни ҳисоб меёбанд.
Ба Ҷумҳурии Тоҷикистон бе розигии соҳибҳуқуқ ворид намудани нусхаҳои асарҳо ва фонограммаҳое, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи ҳамин Қонун ҳифз мешаванд, аз давлате, ки дар он ин асару фонограммаҳо ҳифз намешаванд ё ҳифзи онҳо қатъ гардидааст, низ вайрон кардани ҳуқуқи муаллифи ва ҳуқуқҳои вобаста ба он ҳисобида мешавад (Қонуни ҶТ аз 1.08.2003 № 27).
хориҷ карда шуд (Қонуни ҶТ аз 2.01.2018 № 1488).
Моддаи 48. Ҳифзи ҳуқуқи муаллиф ва ҳуқуқҳои вобаста ба он
Ҳифзи ҳуқуқи муаллиф ва ҳуқуқҳои вобаста ба он бо тарзе, ки Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян кардааст, хамчунин бо роҳҳои зерин амали мешавад:
1) ба ҷои ҷуброни зиён ситонидани даромад, ки вайронкунанда дар натиҷаи вайрон кардани ҳуқуқи муаллиф ва ҳуқуқҳои вобаста ба он ба даст овардааст;
2) пардохти ҷубронпули дар ҳаҷме, ки аз тарафи суд ба ҷои ҷуброни зарар ва ё ситонидани даромад муайян шудааст.
Нусхаҳои љайриқонунии асар ё фонограмма бо талаби соҳиби ҳуқуқи муаллиф ва ҳуқуқҳои вобаста ба он ба ў дода мешаванд.
Нусхаҳои љайриқонунии асар ё фонограммае, ки аз тарафи соҳиби ҳуқуқи муаллиф ва ҳуқуқҳои вобаста ба он талаб карда нашудаанд, бояд нобуд карда шаванд.
Мавод ва таҷҳизоте, ки барои тайёр кардан ва таҷдиди нусхаҳои љайриқонунии асарҳо ё фонограммаҳо истифода шудааст, нобуд карда ва ё ба фоидаи давлат дода мешаванд.
Соҳибони ҳуқуқи муаллифи ва ҳуқуқҳои вобаста ба он бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузори метавонанд барои ҳифзи ҳуқуқҳои худ ба мақомоти суди муроҷиат намоянд (Қонуни ҶТ аз 3.03.2006 № 162).
Моддаи 48(1). Ҷавобгарӣ барои риоя накардани талаботи Қонуни мазкур
(Қонуни ҶТ аз 2.01.2018 № 1488)
Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ барои риоя накардани талаботи Қонуни мазкур бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд (Қонуни ҶТ аз 2.01.2018 № 1488).
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон
Э.Раҳмонов
ш. Душанбе
13 ноябри соли 1998 № 726
This work is in the public domain in the U.S. because it is an edict of a government, local or foreign. See § 313.6(C)(2) of the Compendium of U.S. Copyright Office Practices, 3rd ed. 2014 (Compendium (Third)) . Such documents include "legislative enactments, judicial decisions, administrative rulings, public ordinances, or similar types of official legal materials."
These do not include works first published by the United Nations or any of its specialized agencies, or by the Organization of American States. See Compendium (Third) § 313.6(C)(2) and 17 U.S.C. § 104(b)(5). A non-American governmental edict may still be copyrighted outside the U.S. Similarly, the above U.S. Copyright Office Practice does not prevent U.S. states or localities from holding copyright abroad, depending on foreign copyright laws and regulations. | |
|